Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 3:27-32 in Tajik

Help us?

Юҳанно 3:27-32 in Хушхабар

27 Яҳё ҷавоб дод: «Инсон фақат он чизро дошта метавонад, ки аз осмон ба ӯ бахшида шудааст.
28 Шумо худатон тасдиқ карда метавонед, ки „Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам“ гуфта будам, аммо пеш аз Ӯ фиристода шудаам.
29 Домод соҳиби арӯс аст ва дӯсти домод бошад, дар паҳлӯи ӯ истода, овози домодро шунида хурсанд мешавад. Ҳамин тавр шодии ман пурра шуд.
30 Ӯ бояд боз ҳам бузургтар шавад, аммо ман боз ҳам хурдтар.
31 Касе ки аз боло меояд, аз ҳама бузургтар аст. Касе ки аз замин аст, худ заминист ва чун заминӣ сухан мегӯяд. Аммо, касе ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.
32 Ӯ дар бораи он чӣ худ дидаасту шунидааст, шоҳидӣ медиҳад, аммо шоҳидии Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад.
Юҳанно 3 in Хушхабар