23 Яҳё бошад, ин вақт дар Энони наздики Солим, ки дар он ҷо об фаровон буд, ба таъмид додан машғул буд. Мардум ба назди ӯ меомаданду таъмид мегирифтанд.
24 Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.
25 Боре дар байни шогирдони Яҳё ва як нафар аз яҳудиён дар бораи расму таомули покшавӣ баҳс барпо шуд.
26 Онҳо ба назди Яҳё омада, ба ӯ гуфтанд: «Устод, он касе, ки дар соҳили шарқии Урдун бо шумо буд ва шумо дар борааш шаҳодат дода будед, Ӯ ҳам таъмид дода истодааст ва ҳама пеши Ӯ мераванд!»
27 Яҳё ҷавоб дод: «Инсон фақат он чизро дошта метавонад, ки аз осмон ба ӯ бахшида шудааст.
28 Шумо худатон тасдиқ карда метавонед, ки „Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам“ гуфта будам, аммо пеш аз Ӯ фиристода шудаам.
29 Домод соҳиби арӯс аст ва дӯсти домод бошад, дар паҳлӯи ӯ истода, овози домодро шунида хурсанд мешавад. Ҳамин тавр шодии ман пурра шуд.
30 Ӯ бояд боз ҳам бузургтар шавад, аммо ман боз ҳам хурдтар.