Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 3:2-9 in Tajik

Help us?

Юҳанно 3:2-9 in Хушхабар

2 Ӯ шабона назди Исо омада гуфт: «Устод, мо медонем, ки Шумо аз тарафи Худо фиристодашуда ҳастед. Чунки, агар Худо бо касе набошад, ӯ чунин мӯъҷизаҳоеро, ки Шумо нишон додаед, ба амал оварда наметавонад».
3 Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ба ту рост мегӯям, то касе аз нав таваллуд наёбад, ҳаргиз подшоҳии Худоро дида наметавонад».
4 «Чӣ тавр одами солхӯрда аз нав таваллуд ёфта метавонад? — пурсид аз Ӯ Ниқодимус. — Магар ӯ метавонад ба шиками модараш баргашта, дубора таваллуд шавад?»
5 Исо ҷавоб дод: «Ба ту рост мегӯям, агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд нашавад, ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонад.
6 Он чӣ аз ҷисм таваллуд мешавад, ҷисм аст ва он чӣ аз Рӯҳ таваллуд мешавад, рӯҳ аст.
7 Аз он ки ба ту „Шумо бояд аз нав таваллуд ёбед“ гуфтам ҳайрон нашав.
8 Бод ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад. Ту садои онро мешунавӣ, аммо намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Бо ҳар касе, ки аз Рӯҳ таваллуд меёбад, ана ҳамин тавр мешавад».
9 Ниқодимус пурсид: «Ин чӣ хел мешавад?»
Юҳанно 3 in Хушхабар