Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 3:13-21 in Tajik

Help us?

Юҳанно 3:13-21 in Хушхабар

13 Ғайр аз Фарзанди Инсон, ки аз осмон фаромадааст, ҳеҷ каси дигар ба осмон набаромадааст.
14 Чӣ тавре ки Мӯсо дар биёбон морро боло бардошта буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон ҳам бояд боло бардошта шавад,
15 то ҳар касе, ки ба Ӯ имон меоварад, ҳаёти абадӣ ёбад.
16 Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад.
17 Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
18 Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳукм карда намешавад, аммо ҳар кӣ имон наоварад, аллакай ҳукм карда шудааст, чунки ба номи Писари ягонаи Худо имон наовардааст.
19 Ана ҳукм аз чӣ иборат аст: равшанӣ ба ҷаҳон омад, вале мардум торикиро аз рӯшноӣ зиёдтар дӯст доштанд, чунки корҳои онҳо бад аст.
20 Ҳар касе, ки кори бад мекунад, аз равшанӣ нафрат дорад ва барои он ки корҳои бади ӯ ошкор нашаванд, ба сӯи рӯшноӣ намеояд.
21 Аммо ҳар касе ки кори дуруст мекунад, ба сӯи рӯшноӣ меояд, то корҳои бо ёрии Худо кардааш ошкор шаванд».
Юҳанно 3 in Хушхабар