Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 2:7-16 in Tajik

Help us?

Юҳанно 2:7-16 in Хушхабар

7 Исо ба хизматгорон гуфт: «Кӯзаҳоро аз об пур кунед». Хизматгорон онҳоро лабрез карданд.
8 «Акнун аз он гирифта, ба роҳбари тӯй баред», — гуфт ба онҳо Исо. Онҳо бурданд.
9 Роҳбари тӯй аз куҷо будани шаробро намедонист, фақат хизматгороне, ки аз кӯза об гирифтанд, аз ин огоҳ буданд. Роҳбари тӯй оби ба шароб табдилшударо чашида, домодро ба назди худ даъват карду
10 ба ӯ гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хушсифатро оварда мегузораду баъд, вақте ки меҳмонон бисёр нӯшиданд, шароби пастсифатро меорад, аммо ту шароби хушсифатро то ҳол нигоҳ доштаӣ».
11 Ҳамин тавр Исо дар Қанои Ҷалил нишонаи аввалини шӯҳрату ҷалоли худро зоҳир кард ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.
12 Баъд аз он Исо ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Модари Исо, бародарон ва шогирдонаш ҳам ҳамроҳи Ӯ буданд. Онҳо дар он ҷо якчанд рӯз монданд.
13 Рӯзи иди Балогардони яҳудиён наздик омад ва Исо ба Ерусалим рафт.
14 Ӯ дар Хонаи Худо шахсонеро дид, ки бо фурӯши барзагов, гӯсфанд ва кабӯтар машғул буданд. Пуливазкунандагон низ дар сари мизҳои худ нишаста буданд.
15 Исо аз таноб қамчин сохта, ҳамаи онҳоро бо барзагову гӯсфандонашон аз Хонаи Худо берун ронду мизҳои пуливазкунандагонро чаппа ва пулҳояшонро пароканда кард.
16 Ба кабӯтарфурӯшон бошад, гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо бардошта дур кунед! Хонаи Падари Маро ба тиҷоратхона табдил надиҳед!»
Юҳанно 2 in Хушхабар