20 «Ин Хонаи Худо дар давоми чилу шаш сол сохта шуда буд. Ту бошӣ, онро дар муддати се рӯз аз нав барпо кардан мехоҳӣ?!» — гуфтанд онҳо.
21 Аммо Ӯ «Хонаи Худо» гуфта бадани худро дар назар дошт.
22 Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ин суханони Ӯро ба хотир оварданд ва ба навиштаҷоту гуфтаҳои Исо имон оварданд.
23 Дар он рӯзҳои иди Балогардон, ки Исо дар Ерусалим буд, мардуми бисёре мӯъҷизаҳои Ӯро дида ба Ӯ имон оварданд.
24 Аммо худи Исо ба ҳеҷ кас дилашро накушод, чунки аз дили ҳамаи онҳо бохабар буд.
25 Бинобар ин Ӯ мӯҳтоҷи он набуд, ки касе ба Ӯ дар бораи одамон шоҳидӣ диҳад. Ӯ худ медонист, ки дар дили инсон чӣ ҳаст.