Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 2:14-24 in Tajik

Help us?

Юҳанно 2:14-24 in Хушхабар

14 Ӯ дар Хонаи Худо шахсонеро дид, ки бо фурӯши барзагов, гӯсфанд ва кабӯтар машғул буданд. Пуливазкунандагон низ дар сари мизҳои худ нишаста буданд.
15 Исо аз таноб қамчин сохта, ҳамаи онҳоро бо барзагову гӯсфандонашон аз Хонаи Худо берун ронду мизҳои пуливазкунандагонро чаппа ва пулҳояшонро пароканда кард.
16 Ба кабӯтарфурӯшон бошад, гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо бардошта дур кунед! Хонаи Падари Маро ба тиҷоратхона табдил надиҳед!»
17 Шогирдони Ӯ ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Оташи ҳавасмандӣ ба Хонаи Ту дар дилам аланга мезанад».
18 Он гоҳ роҳбарони яҳудӣ аз Ӯ пурсиданд: «Бо кадом нишона ҳақ будани ин рафторатро исбот мекунӣ?»
19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин Хонаи Худоро вайрон кунед ва Ман онро дар муддати се рӯз аз нав барпо мекунам».
20 «Ин Хонаи Худо дар давоми чилу шаш сол сохта шуда буд. Ту бошӣ, онро дар муддати се рӯз аз нав барпо кардан мехоҳӣ?!» — гуфтанд онҳо.
21 Аммо Ӯ «Хонаи Худо» гуфта бадани худро дар назар дошт.
22 Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ин суханони Ӯро ба хотир оварданд ва ба навиштаҷоту гуфтаҳои Исо имон оварданд.
23 Дар он рӯзҳои иди Балогардон, ки Исо дар Ерусалим буд, мардуми бисёре мӯъҷизаҳои Ӯро дида ба Ӯ имон оварданд.
24 Аммо худи Исо ба ҳеҷ кас дилашро накушод, чунки аз дили ҳамаи онҳо бохабар буд.
Юҳанно 2 in Хушхабар