6 Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд.
7 Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд аст!» гуфт. Вақте Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшиду (чунки либосашро кашида буд) худро ба об партофт.
8 Шогирдони дигар бо қаиқ ба тарафи соҳил ҳаракат карда, тӯри пур аз моҳиро аз паси худ кашида оварданд. Онҳо аз соҳил на он қадар дур буданд, тахминан дар масофаи сад қадам.
9 Вақте онҳо ба соҳил расиданд, гулханеро диданд, ки рӯи он моҳӣ гузошта шудааст ва дар паҳлӯи он нон ҳам буд.
10 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Аз моҳиҳои сайд кардаатон биёред».
11 Шимъӯни Петрус ба қаиқ даромада, тӯри пур аз яксаду панҷоҳу се моҳии калонро аз об ба соҳил кашид. Бо вуҷуди ин қадар зиёд будани моҳӣ тӯр канда нашуд.
12 Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ва ноништа кунед». Аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки «Ту кистӣ?» гуфта бипурсад, чунки онҳо фаҳмиданд, ки ин Худованд аст.
13 Он гоҳ Исо пеш омада, нонро гирифту дар байни онҳо тақсим кард, инчунин моҳиҳоро ҳам.
14 Ин бори сеюм буд, ки Исо баъд аз зинда шуданаш худро ба шогирдон нишон дод.
15 Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Оре, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро чарон», — гуфт Исо.
16 Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро саробонӣ кун», — гуфт Исо.