Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 21:14-22 in Tajik

Help us?

Юҳанно 21:14-22 in Хушхабар

14 Ин бори сеюм буд, ки Исо баъд аз зинда шуданаш худро ба шогирдон нишон дод.
15 Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Оре, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро чарон», — гуфт Исо.
16 Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро саробонӣ кун», — гуфт Исо.
17 Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, — гуфт ӯ ба Исо. — Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро чарон.
18 Ба ту рост мегӯям, вақте ки ҷавон будӣ, худат камарбандатро баста ба ҳар ҷое, ки мехостӣ, мерафтӣ, вале вақте ки пир мешавӣ, дастҳои худро дароз мекунӣ ва каси дигар камарбандатро баста ба ҷое, ки намехоҳӣ, туро мебарад».
19 Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки бо кадом роҳ марги Петрус Худоро шӯҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё».
20 Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Худованд, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?»
21 Инак, Петрус ӯро дида, аз Исо пурсид: «Эй Худованд, бо ӯ чӣ мешавад?»
22 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то вақти бозгаштанам зинда монад, ба ту ин чӣ дахл дорад? Ту аз паси Ман биё!»
Юҳанно 21 in Хушхабар