32 Сарбозон омада, аввал пойҳои мехкӯбшудаи якум ва баъд мехкӯбшудаи дуюмро шикастанд.
33 Вале вақте ки ба Исо наздик омаданд, диданд, ки Ӯ мурдааст, бинобар ин пойҳои Ӯро нашикастанд.
34 Яке аз сарбозон бо найза ба паҳлӯи Ӯ зад ва ҳамон дам аз бадани Ӯ хун ва об ҷорӣ шуд.
35 (Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд).
36 Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд» иҷро шаванд.
37 Боз дар дигар ҷои навиштаҷот гуфта шудааст, ки «Онҳо ба касе нигоҳ хоҳанд кард, ки Ӯро найза заданд».
38 Баъд аз он Юсуфи аромотӣ, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт.
39 Ниқодимус, ки пештар шабона ба дидани Исо омада буд, низ омад ва қариб сию чор кило ширеши хушбӯй бо гиёҳи дорувор омехтаро бо худ овард.
40 Онҳо аз рӯи расми яҳудиён ҷасади Исоро гирифта, ба кафани бо ҳамон дорувории хушбӯй омехта печонданд.