Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 19:27-41 in Tajik

Help us?

Юҳанно 19:27-41 in Хушхабар

27 Баъд ба он шогирд гуфт: «Ана, ин модари туст». Аз ҳамон вақт он шогирд модари Исоро ба хонаи худ бурд.
28 Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд ва барои ба амал омадани пешгӯйии навиштаҷот гуфт: «Ташна мондам!»
29 Дар он ҷо як косаи пур аз сирко буд ва латтаеро гирифта, ба он сирко тар карданду ба нӯги чӯбе гузошта, ба лабони Ӯ наздик оварданд.
30 Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод.
31 Он рӯзи тайёрӣ ба рӯзи истироҳат буд ва сардорони яҳудӣ намехостанд, ки ҷасади мехкӯбшудагон дар рӯзи истироҳат дар салиб бимонад, чунки он рӯзи истироҳат ба рӯзи иди бузург рост омада буд. Бинобар ин онҳо аз Пилотус дархост карданд, ки пойҳои мехкӯбшудагонро шикананду ҷасади онҳоро аз салиб ба поён фароранд.
32 Сарбозон омада, аввал пойҳои мехкӯбшудаи якум ва баъд мехкӯбшудаи дуюмро шикастанд.
33 Вале вақте ки ба Исо наздик омаданд, диданд, ки Ӯ мурдааст, бинобар ин пойҳои Ӯро нашикастанд.
34 Яке аз сарбозон бо найза ба паҳлӯи Ӯ зад ва ҳамон дам аз бадани Ӯ хун ва об ҷорӣ шуд.
35 (Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд).
36 Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд» иҷро шаванд.
37 Боз дар дигар ҷои навиштаҷот гуфта шудааст, ки «Онҳо ба касе нигоҳ хоҳанд кард, ки Ӯро найза заданд».
38 Баъд аз он Юсуфи аромотӣ, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт.
39 Ниқодимус, ки пештар шабона ба дидани Исо омада буд, низ омад ва қариб сию чор кило ширеши хушбӯй бо гиёҳи дорувор омехтаро бо худ овард.
40 Онҳо аз рӯи расми яҳудиён ҷасади Исоро гирифта, ба кафани бо ҳамон дорувории хушбӯй омехта печонданд.
41 Дар ҷои мехкӯбшудаи Исо боғе ва дар он боғ қабри наве буд, ки ҳанӯз касе дар он дафн нашуда буд.
Юҳанно 19 in Хушхабар