Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 17:9-12 in Tajik

Help us?

Юҳанно 17:9-12 in Хушхабар

9 Ман барои онҳо дуо мекунам. Ман на барои ҷаҳон, балки барои онҳое дуо мекунам, ки Ту ба Ман додаӣ, чунки онҳо аз они туанд.
10 Зеро ҳамаи онҳое, ки Ман дорам, аз они туанд ва онҳое, ки Ту дорӣ, аз они Мананд ва ба василаи онҳо Ман шӯҳрату ҷалол ёфтам.
11 Ман дигар дар ин ҷаҳон нестам, балки пеши Ту меравам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Муқаддас, бо қудрати номи худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем.
12 То вақте ки Ман бо онҳо будам, онҳоро бо қудрати номи ту, ки ба Ман бахшидаӣ, муҳофизат ва нигаҳбонӣ кардам. Аз онҳо касе ҳам ҳалок нашуд, ғайр аз як нафар, ки бояд ҳалок мешуд, то гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд.
Юҳанно 17 in Хушхабар