Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 12:21-36 in Tajik

Help us?

Юҳанно 12:21-36 in Хушхабар

21 Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем».
22 Филиппус рафта, инро ба Андриёс хабар доду баъд ҳардуяшон рафта, ба Исо гуфтанд.
23 Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шӯҳрату ҷалоли Фарзанди Инсон ошкор гардад!
24 Ба шумо рост мегӯям: то донаи гандум ба замин афтида намирад, вай як донаи танҳо мемонад, аммо агар бимирад — ҳосили зиёд меоварад.
25 Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад ва касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад.
26 Ҳар кӣ ба Ман хизмат кунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат кунад, Падарам сарфароз менамояд.
27 Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва намедонам чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!“, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам!
28 Эй Падар, номи худро шӯҳрат деҳ!» Он гоҳ аз осмон садое шунида шуд: «Аллакай шӯҳрат додам ва боз ҳам шӯҳрати бештар медиҳам!»
29 Тӯдаи мардум, ки дар он ҷо истода буданд, ин овозро шунида, баъзеашон гуфтанд, ки ин ғурриши раъд буд, дигарон гуфтанд, ки фариштае ба Ӯ сухан гуфт.
30 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин садо на ба хотири Ман, балки ба хотири шумо буд!
31 Акнун вақти ҳукм шудани ин ҷаҳон аст, ҳоло ҳукмрони ин ҷаҳон берун ронда мешавад!
32 Вақте ки Ман аз замин боло бардошта мешавам, ҳамаро ба сӯи худ мекашам!»
33 Бо ин суханон Ӯ ишора мекард, ки чӣ тарз ҷон медиҳад.
34 Мардум ҷавоб доданд: «Мо аз шариат медонем, ки Таъиншудаи Худо то абад зинда мемонад. Пас, чӣ тавр мегӯӣ, ки Фарзанди Инсон бояд боло бардошта шавад? Охир, Фарзанди Инсон кист?»
35 Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе равшанӣ бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки равшанӣ доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, ҷои мерафтагиашро намедонад.
36 Пас, ҳанӯз ки равшанӣ бо шумост, ба он имон биёваред, то ки писарони равшанӣ шавед!» Исо инро гуфта, он ҷойро монда рафту аз назари онҳо ғоиб шуд.
Юҳанно 12 in Хушхабар