32 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд.
33 Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?»
34 Онҳо хомӯш буданд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кӣ аз ҳама бузургтар аст.
35 Пас, Исо нишасту дувоздаҳ шогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ дар сафи пеш шудан хоҳад, бояд аз ҳама ақиб ва дар хизмати ҳама бошад».
36 Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт. Сипас, ӯро ба бағал гирифта, ба шогирдонаш гуфт:
37 «Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад. Ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки фиристандаи Маро қабул мекунад».
38 Сипас Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, вале азбаски ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».
39 Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳар касе, ки аз номи Ман мӯъҷиза мекунад, наметавонад баъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд.
40 Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост.
41 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, ҳаргиз бе мукофот нахоҳад монд».
42 «Вале агар шахсе сабабгори он гардад, ки яке аз ин пайравони хурди Ман гумроҳ шавад, беҳтар аст, ки ба гардани он шахс санги осиёбро баста, ба баҳр партоянд.
43 Агар дастат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як даст буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду даст дошта бошию ба оташи дӯзах афтӣ.