Text copied!
Bibles in Tajik

Марқӯс 9:2-32 in Tajik

Help us?

Марқӯс 9:2-32 in Хушхабар

2 Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба болои кӯҳи баланд баромад. Дар он ҷо рангу рӯи Исо дар пеши назари шогирдонаш дигаргун шуд.
3 Либоси Ӯ дурахшида, аз барф ҳам сафедтар гашт, то ба дараҷае, ки дар рӯи замин ҳеҷ кас аз он сафедтар карда наметавонад.
4 Он гоҳ барояшон Илёс ва Мӯсо намудор шуданд, ки бо Исо сӯҳбат мекарданд.
5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Устод, бароямон хуб аст, ки ин ҷо бошем. Биёед се хаймае месозем, яке барои Шумо, дигаре ба Мӯсо ва боз ба Илёс».
6 Петрус намедонист, ки чӣ гӯяд, чунки ҳамаи онҳо сахт тарсида буданд.
7 Баъд абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва овозе аз он шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст, суханони Ӯро гӯш кунед».
8 Ногаҳон онҳо ба атроф назар андохта, ғайр аз Исо касеро надиданд.
9 Вақте ки аз кӯҳ мефаромаданд, Исо онҳоро таъкид кард, ки то аз нав зинда шудани Фарзанди Инсон аз он чӣ дидаанд, ба касе чизе нагӯянд.
10 Барои ҳамин онҳо ба касе дар ин бобат даҳон намекушоданд, агарчи дар байни худ маънои ибораи «аз нав зинда шудан»-ро муҳокима мекарданд.
11 Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Чаро шариатдонон мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?»
12 Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал Илёс омада, ҳама чизро барқарор мекунад. Вале Фарзанди Инсон, чунон ки дар борааш навишта шудааст, азоб кашида, хору зор мегардад.
13 Аммо дар бораи Илёс мегӯям, ки ӯ омада буд ва айнан ҳамон тавре, ки дар бораи ӯ навишта шуда буд, дар ҳаққи ӯ ҳар чӣ ки хостанд, карданд».
14 Вақте ки онҳо ба назди шогирдони дигар омаданд, диданд, ки мардуми зиёде дар гирди онҳо ҷамъ шудаанд ва чанд нафар аз шариатдонон бо онҳо баҳсу мунозира доранд.
15 Ҳамин ки мардум Исоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон ба истиқболаш рафтанд.
16 Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?»
17 Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап зада наметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст.
18 Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро бигирад, ӯро бар замин мезанад ва даҳонаш кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Шумо хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд».
19 Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳи шумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред».
20 Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад.
21 Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш.
22 Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳм кунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед».
23 Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам“? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст».
24 Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад».
25 Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!»
26 Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд.
27 Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод.
28 Баъдтар, вақте ки Исо ба хона даромад шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?»
29 Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо берун карда мешавад».
30 Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад,
31 чунки Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Вай аз нав зинда мешавад».
32 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд.
Марқӯс 9 in Хушхабар