19 Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳи шумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред».
20 Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад.
21 Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш.
22 Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳм кунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед».
23 Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам“? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст».
24 Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад».
25 Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!»
26 Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд.
27 Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод.
28 Баъдтар, вақте ки Исо ба хона даромад шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?»
29 Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо берун карда мешавад».
30 Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад,
31 чунки Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Вай аз нав зинда мешавад».
32 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд.
33 Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?»