Text copied!
Bibles in Tajik

Марқӯс 9:13-42 in Tajik

Help us?

Марқӯс 9:13-42 in Хушхабар

13 Аммо дар бораи Илёс мегӯям, ки ӯ омада буд ва айнан ҳамон тавре, ки дар бораи ӯ навишта шуда буд, дар ҳаққи ӯ ҳар чӣ ки хостанд, карданд».
14 Вақте ки онҳо ба назди шогирдони дигар омаданд, диданд, ки мардуми зиёде дар гирди онҳо ҷамъ шудаанд ва чанд нафар аз шариатдонон бо онҳо баҳсу мунозира доранд.
15 Ҳамин ки мардум Исоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон ба истиқболаш рафтанд.
16 Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?»
17 Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап зада наметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст.
18 Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро бигирад, ӯро бар замин мезанад ва даҳонаш кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Шумо хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд».
19 Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳи шумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред».
20 Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад.
21 Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш.
22 Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳм кунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед».
23 Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам“? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст».
24 Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад».
25 Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!»
26 Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд.
27 Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод.
28 Баъдтар, вақте ки Исо ба хона даромад шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?»
29 Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо берун карда мешавад».
30 Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад,
31 чунки Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Вай аз нав зинда мешавад».
32 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд.
33 Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?»
34 Онҳо хомӯш буданд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кӣ аз ҳама бузургтар аст.
35 Пас, Исо нишасту дувоздаҳ шогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ дар сафи пеш шудан хоҳад, бояд аз ҳама ақиб ва дар хизмати ҳама бошад».
36 Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт. Сипас, ӯро ба бағал гирифта, ба шогирдонаш гуфт:
37 «Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад. Ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки фиристандаи Маро қабул мекунад».
38 Сипас Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, вале азбаски ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».
39 Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳар касе, ки аз номи Ман мӯъҷиза мекунад, наметавонад баъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд.
40 Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост.
41 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, ҳаргиз бе мукофот нахоҳад монд».
42 «Вале агар шахсе сабабгори он гардад, ки яке аз ин пайравони хурди Ман гумроҳ шавад, беҳтар аст, ки ба гардани он шахс санги осиёбро баста, ба баҳр партоянд.
Марқӯс 9 in Хушхабар