5 Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
6 Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд.
7 Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. Исо Худоро барои онҳо шукр гуфта, фармуд, ки он моҳиҳо низ байни мардум тақсим шаванд.
8 Мардум хӯрда сер шуданд ва аз хӯроки боқимонда ҳафт сабади калонро пур карданд.
9 Дар он ҷо қариб чор ҳазор нафар буданд ва Исо онҳоро ҷавоб дод.
10 Баъд якбора Ӯ бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ноҳияи Далмонуто раҳсипор гашт.
11 Сипас чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада, бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад.
12 Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл нишонае талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон нишона дода намешавад».
13 Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафи дигари кӯл рафт.
14 Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд.
15 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши шоҳ Ҳиродусу фарисиён эҳтиёт кунед».
16 Шогирдон бо якдигар муҳокима карда мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби нон надоштанамон инро гуфт».
17 Вале Исо аз суханони онҳо дарак дошта гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Магар то ҳол дарк намекунед ва нафаҳмидед? Ё гарданшах шудаед?