Text copied!
Bibles in Tajik

Марқӯс 8:21-38 in Tajik

Help us?

Марқӯс 8:21-38 in Хушхабар

21 Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?»
22 Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад.
23 Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?»
24 Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд».
25 Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид.
26 Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.
27 Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳраки Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Одамон дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?»
28 Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, дигарон, ки Илёс пайғамбаред, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Шумо яке аз пайғамбарони гузашта ҳастед».
29 Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус гуфт: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ».
30 Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
31 Баъд Исо ба шогирдонаш таълим додани онро сар кард, ки Фарзанди Инсон бояд ранҷу азоби зиёде кашад ва пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯ мегардонанд ва Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.
32 Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт, вале Петрус Ӯро ба як сӯ кашида, ба сарзаниш кардан даромад.
33 Лекин Исо рӯяшро гардонда ба шогирдонаш нигоҳ карду Петрусро сарзаниш намуда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ».
34 Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Ҳар касе аз шумо, ки мехоҳад пайрави Ман бошад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад.
35 Ҳар кас, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар кас, ки ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, онро нигоҳ медорад.
36 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад?
37 Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад.
38 Касе, ки дар ин рӯзгори пур аз гуноҳу беимонӣ аз Ман ва суханонам шарм кунад, Фарзанди Инсон низ, ҳангоме ки бо шӯҳрату ҷалоли Падараш, ҳамроҳи фариштаҳои муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард».
Марқӯс 8 in Хушхабар