12 Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл нишонае талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон нишона дода намешавад».
13 Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафи дигари кӯл рафт.
14 Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд.
15 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши шоҳ Ҳиродусу фарисиён эҳтиёт кунед».
16 Шогирдон бо якдигар муҳокима карда мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби нон надоштанамон инро гуфт».
17 Вале Исо аз суханони онҳо дарак дошта гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Магар то ҳол дарк намекунед ва нафаҳмидед? Ё гарданшах шудаед?
18 Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед?
19 Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бо панҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад».
20 Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад!»
21 Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?»
22 Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад.
23 Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?»
24 Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд».
25 Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид.
26 Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.
27 Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳраки Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Одамон дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?»
28 Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, дигарон, ки Илёс пайғамбаред, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Шумо яке аз пайғамбарони гузашта ҳастед».
29 Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус гуфт: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ».
30 Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
31 Баъд Исо ба шогирдонаш таълим додани онро сар кард, ки Фарзанди Инсон бояд ранҷу азоби зиёде кашад ва пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯ мегардонанд ва Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.
32 Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт, вале Петрус Ӯро ба як сӯ кашида, ба сарзаниш кардан даромад.
33 Лекин Исо рӯяшро гардонда ба шогирдонаш нигоҳ карду Петрусро сарзаниш намуда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ».