6 Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада саҷда кард.
7 Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»
9 Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем».
10 Вай аз Исо зорию тавалло кард, ки онҳоро аз он маҳалла берун накунад.
11 Ҳамин вақт як галаи калони хукон дар болои теппае мечарид.
12 Рӯҳҳои нопок аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Моро ба мобайни хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дохил шавем».
13 Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, дохили хукҳо шуданд. Тамоми галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, аз баландӣ ҷаста худро ба кӯл партофта ғарқ шуданд.
14 Хукбонҳо бошанд, ба шаҳру деҳоти атроф гурехта, дар ҳама ҷо ин ҳодисаро ба мардум нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст.
15 Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ омада, диданд, ки ҳамон девонае, ки гирифтори лашкари девҳо буд, акнун дар тан либос дораду бо ақли солим нишастааст ва хеле тарсиданд.
16 Шоҳидони ин воқеа, ҳодисаи бо девонаву хукҳо рӯйдодаро нақл мекарданд.
17 Он гоҳ мардум аз Исо хоҳиш карданд, ки аз сарзаминашон биравад.
18 Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори девҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо худ бубарад.
19 Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд дар ҳаққи ту чӣ кор ва чӣ ғамхории бузурге кард».
20 Ӯ низ равона шуд ва дар тамоми гӯшаву канори Даҳ Шаҳр ба ҳама эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд.
21 Исо ба қаиқ савор шуда, ба тарафи дигари кӯл рафт. Вақте ки ба соҳил расид, мардуми зиёде назди Ӯ ҷамъ омаданд.
22 Дар ҳамин вақт марде бо номи Ёир, ки яке аз сардорони ибодатхонаи он шаҳр буд, омада Исоро дидан замон, худро пеши пойҳои Ӯ партофт.
23 Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки биёед ва дастатонро бар ӯ бигузоред, то шифо ёбаду зинда монад».
24 Исо бо ӯ ба роҳ даромад ва аз паси онҳо мардуми бешуморе ҳам равона шуданд, ки аз ҳар тараф Исоро фишор медоданд.
25 Дар он ҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт.
26 Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибони зиёд дард кашида, тамоми дороияшро сарф карда буд, саломатиаш хуб намешуд. Баръакс, аҳволаш торафт бадтар мешуд.