Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 7:5-29 in Tajik

Help us?

Луқо 7:5-29 in Хушхабар

5 чунки вай халқи моро дӯст медорад ва барои мо ибодатхонае сохтааст».
6 Исо ҳамроҳи онҳо рафт. Ҳангоме ки ба хона наздик мешуд, сардори лашкар дӯстонашро фиристод, ки аз номи вай ба Исо чунин бигӯянд: «Хоҷа! Аз ин зиёд заҳмат накашед, зеро ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред.
7 Ба ҳамин сабаб худро муносиб надонистам, ки назди шумо биёям. Танҳо як амр кунед ва хизматгори ман шифо меёбад.
8 Охир ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».
9 Исо инро шунида бисёр ҳайрон шуд ва ба мардуми бешуморе, ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад».
10 Фиристодагони сардори лашкар ба хона баргашта, диданд, ки хизматгор сиҳат шудааст.
11 Дере нагузашта Исо ҳамроҳи шогирдон ва шумораи зиёди мардум ба шаҳри Ноин рафт.
12 Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуда, дид, ки мурдаеро мебароранд. Он мурда писари ягонаи бевазане буд ва сокинони зиёди шаҳр ҳамроҳи он зан равона буданд.
13 Худованд он занро дида, дилаш ба ҳоли вай сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун».
14 Баъд наздик омада, дасти худро рӯи тобут гузошт ва тобутбардорон аз роҳ бозистоданд. Сипас Ӯ гуфт: «Эй бародар! Ба ту мегӯям, бархез».
15 Мурда аз ҷояш бархеста нишасту ба сухан даромад ва Исо ӯро ба модараш супорид.
16 Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд».
17 Одамон дар тамоми Яҳудия ва гирду атрофи он дар бораи Исо нақл мекарданд.
18 Шогирдони Яҳё низ ба устодашон ҳамаи воқеаҳоро нақл карданд. Яҳё ду нафар аз шогирдонашро ҷеғ зада,
19 ба назди Худованд Исо фиристод, то бипурсанд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»
20 Онҳо ба назди Исо омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро пеши Шумо фиристод, то бипурсем, ки оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»
21 Ин ҳамон вақте буд, ки Исо мардуми зиёдеро аз бемориҳо, дарду азоб ва рӯҳҳои нопок шифо бахшида, чашми нобиноёни зиёдеро бино мекард.
22 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар чиро, ки дидаеду шунидаед, рафта, ба Яҳё нақл бикунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаванду лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад.
23 Пас, хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».
24 Баъд аз рафтани фиристодагони Яҳё Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад?
25 Агар не, пас барои дидани чӣ рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир онҳое, ки либоси зебо мепӯшанд ва ҳаёти пур аз айшу ишрат доранд, дар қасрҳои подшоҳӣ зиндагӣ мекунанд.
26 Пас, киро диданӣ будед? Пайғамбарро? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед.
27 Яҳё ҳамон як одамест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд: „Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, то ба омаданат роҳ тайёр кунад“.
28 Ҳоло ба шумо мегӯям, ки дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳё касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст».
29 Тамоми мардум ва андозгирон низ суханони ӯро шунида, дуруст будани роҳи Худоро тасдиқ менамуданд ва аз ин сабаб аз дасти Яҳё таъмид гирифта буданд.
Луқо 7 in Хушхабар