Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 7:38-41 in Tajik

Help us?

Луқо 7:38-41 in Хушхабар

38 Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид.
39 Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, чунин фикрро аз дил гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, мефаҳмид, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»!
40 Вале Исо ба ӯ гуфт: «Шимъӯн! Мехоҳам ба ту чизе бигӯям». Гуфт: «Марҳамат, устод».
41 Пас Исо суханашро давом дода гуфт: «Ду кас аз як одам пул қарз гирифтанд. Яке аз ӯ панҷсад ва дигаре панҷоҳ тангаи нуқра қарздор буд.
Луқо 7 in Хушхабар