Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 5:8-15 in Tajik

Help us?

Луқо 5:8-15 in Хушхабар

8 Шимъӯни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам».
9 Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори ба дастовардаашон ба ҳайрат афтода буданд.
10 Ёқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъӯн буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, баъд аз ин одамонро монанди моҳӣ ҷамъ хоҳӣ кард».
11 Сипас моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро як сӯ гузошта, Исоро пайравӣ карданд.
12 Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марди гирифтори касалии махав буд. Он махав Исоро дида, сар ба пои Ӯ ниҳоду илтимос кард: «Худовандо, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ».
13 Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва касалии махав нест шуд.
14 Баъд Исо ба ӯ таъкид карда гуфт: «Дар бораи ин воқеа ба касе нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».
15 Аммо ба ин нигоҳ накарда, овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд. Барои шифо ёфтан аз бемориҳо ва шунидани сухани Ӯ шумораи зиёди мардум дар атрофи Исо ҷамъ меомаданд.
Луқо 5 in Хушхабар