Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 5:1-13 in Tajik

Help us?

Луқо 5:1-13 in Хушхабар

1 Як рӯз Исо дар канори кӯли Ҷинесор меистод ва мардуми бисёре, ки мехостанд каломи Худоро бишнаванд, аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд.
2 Исо ду қаиқеро дид, ки дар соҳили кӯл гузошта шуда буданд ва моҳигирон аз онҳо берун омада, тӯрҳои моҳидориро мешустанд.
3 Ӯ ба яке аз қаиқҳо, ки соҳибаш Шимъӯн буд, савор шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки қаиқро аз соҳил каме дуртар ронад. Баъд нишаста, аз қаиқ мардумро таълим медод.
4 Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъӯн гуфт: «Қаиқро ба мобайни кӯл бирон ва барои сайд тӯрҳоятонро ба об андозед».
5 Шимъӯн ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале азбаски шумо мефармоед, ҳоло тӯрро ба об меандозем».
6 Вақте ин корро карданд, он қадар моҳӣ сайд шуд, ки қариб буд тӯрҳояшон канда шаванд.
7 Пас, Шимъӯн ва рафиқонаш ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорае карданд, то ба ёриашон биёянд. Онҳо омада, ҳар ду қаиқро то дараҷае аз моҳӣ пур карданд, ки қариб ғарқ мешуданд.
8 Шимъӯни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам».
9 Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори ба дастовардаашон ба ҳайрат афтода буданд.
10 Ёқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъӯн буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, баъд аз ин одамонро монанди моҳӣ ҷамъ хоҳӣ кард».
11 Сипас моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро як сӯ гузошта, Исоро пайравӣ карданд.
12 Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марди гирифтори касалии махав буд. Он махав Исоро дида, сар ба пои Ӯ ниҳоду илтимос кард: «Худовандо, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ».
13 Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва касалии махав нест шуд.
Луқо 5 in Хушхабар