Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 4:19-38 in Tajik

Help us?

Луқо 4:19-38 in Хушхабар

19 соли файзбахши Худовандро эълон намоям».
20 Баъд Вай китобро пӯшида, ба ходим дод ва ба ҷои худ нишаст. Дар ибодатхона ҳама бо диққат ба Ӯ нигоҳ мекарданд
21 ва Ӯ ба сухан оғоз намуд: «Он навиштаҳоеро, ки ҳоло шунидед, имрӯз амалӣ гаштанд».
22 Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?»
23 Ӯ ба онҳо гуфт: «Медонам, ки дар бораи Ман чунин масалро хоҳед гуфт: „Эй табиб! Худатро шифо деҳ ва дар ватани худ низ мӯъҷизаҳоеро бикун, ки шунидаем дар шаҳри Кафарнаҳум кардаӣ“».
24 Баъд суханашро давом дод: «Ба ростӣ мегӯям, ки ягон пайғамбар дар диёраш қадр надорад.
25 Ҳақиқатан ҳам, дар замони Илёс пайғамбар, вақте ки дар муддати севу ним сол борон наборид ва дар рӯи замин гуруснагии сахте ба вуҷуд омад, дар Исроил бевазанони бисёре буданд,
26 вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд. Ӯ танҳо ба назди як бевазане фиристода шуд, ки дар Сорфато ном шаҳри Сидун зиндагӣ мекард.
27 Дар замони Элишои пайғамбар ҳам дар Исроил махавиёни зиёде буданд, вале ба ғайр аз Наамони суриёнӣ ҳеҷ кадоме аз онҳо шифо наёфтанд».
28 Онҳое, ки дар ибодатхона буданд, аз шунидани чунин суханҳо ба ғазаб омаданд.
29 Баъд аз ҷояшон бархеста, Исоро аз шаҳр берун карда, ба болои теппае бурданд, ки шаҳр он ҷо сохта шуда буд ва хостанд аз лаби ҷарӣ Ӯро партоянд.
30 Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, бо роҳи худ равона шуд.
31 Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи истироҳат мардумро таълим медод.
32 Одамон аз таълимоти Ӯ қоил мемонданд, чунки суханонаш боқудрат буданд.
33 Дар ибодатхона марде ҳузур дошт, ки дар вуҷудаш рӯҳи нопок, яъне дев ҷойгир шуда буд. Ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт:
34 «Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!»
35 Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд. Дев мардро дар пеши назари ҳама ба замин партофт ва ба он мард ҳеҷ зараре нарасонда, аз вай берун баромад.
36 Ҳама ҳайрон шуда ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ суханест, ки Ӯ бо қудрату қувват ба рӯҳҳои нопок амр мефармояд ва онҳо берун мебароянд?»
37 Овозаи Исо дар тамоми он ноҳия паҳн мешуд.
38 Исо аз ибодатхона баромада, ба хонаи Шимъӯн рафт. Хушдомани Шимъӯн ба табларзаи сахте гирифтор буд ва аз Исо хоҳиш карданд, ки ба ин зан ёрӣ диҳад.
Луқо 4 in Хушхабар