Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 2:13-43 in Tajik

Help us?

Луқо 2:13-43 in Хушхабар

13 Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазор-ҳазор фариштаҳои дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:
14 «Бигзор номи Худо дар осмонҳо шӯҳрату ҷалол ёбад ва дар байни онҳое, ки дар рӯи замин писандидаи Ӯ ҳастанд, сулҳу осоиштагӣ бошад!»
15 Баъд фариштагон аз назди онҳо дур шуда, дар осмон нопадид гаштанд ва чӯпонҳо ба якдигар мегуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он ҳодисаҳои рӯйдодаро, ки Худованд ба мо гуфт, бубинем».
16 Пас бошитоб рафта, Маряму Юсуф ва он кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.
17 Вақте ки кӯдакро диданд, ҳар он чизеро, ки дар борааш шунида буданд, ба ҳама нақл карданд.
18 Ҳамаи шунавандагон аз нақли чӯпонҳо ҳайрон шуданд.
19 Вале Марям чизи шунидаашро дар дили худ нигоҳ дошта, дар борааш фикру мулоҳизаҳои зиёде мекард.
20 Чӯпонҳо баргашта, барои чизҳои шунидаву дидаашон Худоро ситоиш намуда, ба Ӯ ҳамду сано мехонданд, зеро ҳамаи он чизе, ки ба онҳо гуфта шуда буд, иҷро шуд.
21 Баъд аз ҳашт рӯз вақти хатнаи кӯдак фаро расид ва Ӯро Исо номиданд. Ба Ӯ ҳамон номеро гузоштанд, ки фаришта ҳанӯз пеш аз дар шикам пайдо шудани Ӯ гуфта буд.
22 Ҳамин ки вақти покшавии онҳо фаро расид, Юсуфу Марям мувофиқи шариати Мӯсо кӯдакро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд.
23 Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин бояд ба Худо бахшида шавад»
24 ва аз рӯи қонун падару модари кӯдак бояд ҳатман як ҷуфт мусича ва ё ду чӯҷаи кабӯтарро қурбонӣ кунанд.
25 Дар Ерусалим Шимъӯн ном марде зиндагӣ мекард, ки худотарсу накӯкор буд. Вай вақти тасаллӣ ёфтани халқи Исроилро интизор буд. Рӯҳи Муқаддас бо Шимъӯн буд
26 ва аз он Рӯҳ бар ӯ маълум шуд, ки то Шимъӯн Таъиншудаи Худованд, яъне Масеҳро набинад, намемирад.
27 Он Рӯҳ ба Шимъӯн илҳом бахшид ва ӯ ба Хонаи Худо рафт. Худи ҳамон рӯз падару модари Исо ҳам кӯдакро барои иҷро намудани маросими шариат ба он ҷо оварданд.
28 Шимъӯн кӯдакро ба оғӯш гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда гуфт:
29 «Ҳоло, эй Худованд, бандаатро аз рӯи ваъдаи худ бо сулҳу саломатӣ ҷавоб деҳ,
30 зеро чашмонам наҷотеро диданд, ки аз тарафи Ту меояд.
31 Ту онро дар ҳузури ҳамаи халқҳо муҳайё сохтӣ.
32 Вай нурест, ки барои ғайрияҳудиён роҳи Туро равшан мекунад ва ба халқи Исроилат шӯҳрат меорад».
33 Падару модари Исо аз чунин суханони дар бораи кӯдак гуфташуда ҳайрон шуданд.
34 Шимъӯн онҳоро баракат дода, ба Марям, модари Исо гуфт: «Ин кӯдак дар Исроил барои нобуд сохтан ва наҷот додани бисёриҳо таъин шудааст. Ӯ нишонае аз Худо мешавад, ки бар зиддаш сухан хоҳанд гуфт,
35 то ки фикрҳои дили бисёриҳо ошкор шавад ва ту ҳам бисёр азоб мекашӣ».
36 Дар Хонаи Худо Ҳано ном пайғамбарзане буд, ки падараш Фануил ном дошт. Онҳо аз авлоди Ошер буданд. Ҳано хеле пир шуда буд. Вай баъд аз ба шавҳар баромадан ҳамагӣ ҳафт сол бо ҳамсараш зиндагӣ карда буд.
37 Ин зани ҳаштоду чорсола, ки бева монда буд, ҳеҷ вақт аз Хонаи Худо берун намерафт ва шабу рӯз бо дуову рӯза хизмату ибодат мекард.
38 Вай ҳам якбора пеш омаду Худоро шукргӯён ба ҳамаи онҳое, ки интизори озод шудани Ерусалим буданд, дар бораи он кӯдак нақлҳои зиёде кард.
39 Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ, ки Носираи Ҷалил аст, баргаштанд.
40 Кӯдак калон шуда, қувват мегирифт ва пур аз ҳикмат мешуд. Ӯ писандидаи Худо буд.
41 Ҳар сол падару модари Исо барои қайд кардани иди Балогардон ба Ерусалим мерафтанд.
42 Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, онҳо аз рӯи одат ҳамроҳи Ӯ ба он ҷо рафтанд.
43 Баъд аз он ки рӯзҳои ид ба охир расиданд, онҳо ба шаҳри худ раҳсипор гаштанд, вале Исои наврас дар Ерусалим монд. Падару модараш аз ин бехабар буданд.
Луқо 2 in Хушхабар