Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 23:30-35 in Tajik

Help us?

Луқо 23:30-35 in Хушхабар

30 Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Ба сари мо биафтед!“ ва ба теппаҳо хоҳанд гуфт: „Моро пинҳон кунед!“
31 Агар бо Ман, ки мисли дарахти сабз ҳастам, чунин рафтор кунанд, аҳволи онҳое, ки мисли дарахти хушк ҳастанд, чӣ мешуда бошад?»
32 Ҳамроҳи Исо боз ду ҷинояткорро ба қатл мебурданд.
33 Чун ба ҷое расиданд, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, Исоро ба салиб мехкӯб карданд ва он ҷинояткорон низ, яке аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карда шуданд.
34 Исо гуфт: «Эй Падар! Онҳоро бубахш, чун намефаҳманд, ки чӣ кор мекунанд!» Сипас сарбозон бо партофтани қуръа соҳибшавандаи либоси Исоро муайян намуда, онро байни ҳам тақсим карданд.
35 Мардум рост истода тамошо мекарданд. Роҳбарони халқ бошанд, ба ҳоли Исо хандида мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, канӣ, агар Таъиншуда ва интихобшудаи Худо бошад, худро наҷот диҳад!»
Луқо 23 in Хушхабар