Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 22:11-32 in Tajik

Help us?

Луқо 22:11-32 in Хушхабар

11 Ба соҳиби он хона бигӯед: „Устод аз ту мепурсад, куҷост меҳмонхонае, ки Ӯ дар он бо шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда метавонад?“
12 Ӯ ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ба тартиб оварда шудааст. Дастархонро дар ҳамон ҷо андозед».
13 Онҳо рафта, ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд.
14 Ҳангоме ки вақту соаташ расид, вакилон ҳамроҳи Исо ба гирди дастархон нишастанд.
15 Исо ба онҳо гуфт: «Бисёр мехостам, ки пеш аз азобу уқубатҳоям бо шумо ин хӯроки иди Балогардонро бихӯрам.
16 Ба шумо мегӯям, аз он дигар нахоҳам хӯрд, то он вақте ки ба маънои пуррааш дар подшоҳии Худо ба амал наояд».
17 Баъд косаи майро гирифта дуои шукрона карду гуфт: «Инро гиреду банавбат бинӯшед.
18 Ба шумо мегӯям, минбаъд то вақти омадани подшоҳии Худо аз меваи ангур нахоҳам нӯшид».
19 Сипас, нонро гирифта, дуои шукрона намуд ва онро пора карда, ба вакилон доду гуфт: «Ин бадани Ман аст, ки аз барои шумо қурбонӣ карда мешавад. Ба хотираи Ман ҳамин тавр бикунед».
20 Ва айнан ҳамин тавр баъд аз хӯроки шом косаро гирифта гуфт: «Ин коса аҳди навест, ки дар хуни барои шумо мерехтаам, баста шудааст.
21 Ҳоло нигоҳ кунед, касе, ки Маро таслим мекунад, бо Ман дар сари як дастархон нишастааст.
22 Бале, Фарзанди Инсон бо роҳе меравад, ки барояш муайян шудааст, вале вой бар ҳоли касе, ки ба Ӯ хиёнат мекунад!»
23 Вакилон аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад.
24 Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба амал омад, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар шумурда шавад.
25 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо ва ҳокимони онҳо ҳукмашонро бар зердастони худ мегузаронанд ва „эҳсонкор“ номида мешаванд.
26 Аммо дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Бигзор бузургтарин аз байни шумо мисли хурдтарин рафтор бикунад ва сардор мисли хизматгор.
27 Пас, кӣ бузургтар аст? Оне, ки дар сари дастархон нишастааст ва ё касе, ки ба вай хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон нишастааст? Вале Ман дар мобайни шумо мисли хизматгор ҳастам!
28 Шумо ҳамроҳам аз озмоишҳои Ман гузаштед
29 ва он подшоҳиеро, ки Падарам ба Ман ато намудааст, Ман низ ба шумо тӯҳфа мекунам,
30 то ки шумо дар подшоҳии Ман аз дастархонам бихӯреду бинӯшед ва бар тахтҳо нишаста, ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ кунед».
31 Исо гуфт: «Шимъӯн, Шимъӯн! Бидон, ки шайтон талабгори он шуд, ки ҳамаи шуморо монанди гандум аз ғалбер гузаронад.
32 Вале Ман барои ту дуо кардам, то ки имонатро аз даст надиҳӣ ва вақти ба наздам баргаштанат бародарони худро устувор гардонӣ».
Луқо 22 in Хушхабар