Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 1:8-42 in Tajik

Help us?

Луқо 1:8-42 in Хушхабар

8 Рӯзе навбати хизмат ба гурӯҳи Закарё расид ва ӯ ҳамчун рӯҳонӣ дар пеши Худо машғули иҷрои вазифааш шуд.
9 Барои муайян кардани касе, ки мувофиқи расми рӯҳониён ба Хонаи Худованд даромада, ширеши хушбӯйро месӯзонад, қуръа партофта шуд ва он ба номи Закарё афтид.
10 Вақте ки Закарё машғули сӯзондани ширеши хушбӯй буд, тамоми мардум дар берун истода дуо мекарданд.
11 Баногоҳ ба Закарё фариштаи Худованд зоҳир шуд, ки дар тарафи рости қурбонгоҳи ширеши хушбӯй меистод.
12 Ҳамин ки Закарё ӯро дид, беқарор шуд ва вуҷудашро воҳима зер кард.
13 Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Ҳой Закарё, натарс. Дуоят ба даргоҳи Худо қабул шуд. Ҳамсарат Элисобат писаре хоҳад зоид ва ту ӯро Яҳё ном хоҳӣ гузошт.
14 Шодиву хурсандӣ насибат мегардад ва таваллуди ин кӯдак боиси хушнудии бисёриҳо мешавад,
15 зеро ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад шуд. Ӯ бояд ҳеҷ шаробу май нанӯшад. Кӯдак ҳанӯз пеш аз таваллуд шуданаш аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда,
16 аз байни халқи Исроил бисёр касонро ба сӯи Худованд Худои онҳо бармегардонад.
17 Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати накӯкорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад».
18 Закарё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин мешавад? Охир ману занам пир шудаем»
19 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам.
20 Вале чун ба суханонам, ки дар вақти муайяншуда иҷро хоҳанд шуд, бовар накардӣ, ҳоло гунг мешавӣ ва то он рӯзе, ки ҳамаи гуфтаҳоям ба амал наоянд, сухане гуфта наметавонӣ».
21 Мардуме, ки интизори Закарё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ вақти зиёде дар Хонаи Худо мемонад.
22 Ҳангоме ки Закарё берун омад, ҳеҷ сухан гуфта наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар Хонаи Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб бо одамон бо имову ишора гап мезад.
23 Ҳамин ки вақти хизмати Закарё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт.
24 Баъд аз ин зани вай Элисобат ҳомиладор шуд ва аз ин рӯ, панҷ моҳ аз хона намебаромад. Ӯ гуфт:
25 «Ин кори Худованд аст, ки ҳоло ба ман назар андохта, нанги маро аз миёни мардум бардоштааст».
26 Дар моҳи шашум Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи сарзамини Ҷалил фиристод.
27 Ӯ ба назди Марям ном духтаре омад. Марям номзади Юсуф, як марде аз авлоди шоҳ Довуд буд.
28 Фаришта пеши Марям омада, гуфт: «Салом, эй назаркардаи Худо. Худо бо туст».
29 Марям аз ин суханони фаришта безобита шуда, худ ба худ фикр мекард, ки чаро ӯ ба ман чунин салом дод.
30 Фаришта бошад, ба ӯ гуфт: «Натарс, Марям, зеро Худо бар ту назар кардааст;
31 ҳоло ту ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунӣ ва номашро Исо мегузорӣ.
32 Ӯ бузург мегардад ва Писари Худои Таоло хонда мешавад. Худованд Худо Ӯро ба тахти аҷдоди Ӯ Довуд мешинонад.
33 Ӯ то абад бар халқи Ёқуб фармонфармоӣ мекунаду подшоҳиаш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад».
34 Марям ба фаришта гуфт: «Ман то ҳол бо ягон мард наздикӣ надоштам, пас чӣ тавр ҳомиладор шуда метавонам?»
35 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯҳи Муқаддас бар ту мефурояд ва қудрати Худои Таоло дар ту амал мекунад. Аз ин сабаб он кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас ва Писари Худо номида хоҳад шуд.
36 Охир хеши ту Элисобат ҳам дар пиронсолӣ писаре дар шикам дорад ва ҳоло аз ҳомиладор шуданаш шаш моҳ гузаштааст, ҳарчанд нозой шуморида шуда буд.
37 Бидон, ки барои Худо ҳеҷ чизи ғайриимкон нест».
38 Марям гуфт: «Ман бандаи Худованд ҳастам ва бигзор ҳар чизе, ки шумо гуфтед, ба амал ояд». Сипас, фаришта аз пеши ӯ рафт.
39 Баъд аз ин Марям бошитоб ба шаҳре, ки дар кӯҳистони Яҳудия воқеъ буд, равона шуд.
40 Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закарё даромада, бо Элисобат салом кард.
41 Саломи Марямро шунидан замон тифл дар шиками Элисобат ба ҷунбиш омад ва Элисобат аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда,
42 бо овози баланд хитоб намуд: «Ту пурфайзтарин зани дунё ҳастӣ ва хушбахт аст он кӯдаке, ки дар шикам дорӣ!
Луқо 1 in Хушхабар