Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 1:33-48 in Tajik

Help us?

Луқо 1:33-48 in Хушхабар

33 Ӯ то абад бар халқи Ёқуб фармонфармоӣ мекунаду подшоҳиаш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад».
34 Марям ба фаришта гуфт: «Ман то ҳол бо ягон мард наздикӣ надоштам, пас чӣ тавр ҳомиладор шуда метавонам?»
35 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯҳи Муқаддас бар ту мефурояд ва қудрати Худои Таоло дар ту амал мекунад. Аз ин сабаб он кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас ва Писари Худо номида хоҳад шуд.
36 Охир хеши ту Элисобат ҳам дар пиронсолӣ писаре дар шикам дорад ва ҳоло аз ҳомиладор шуданаш шаш моҳ гузаштааст, ҳарчанд нозой шуморида шуда буд.
37 Бидон, ки барои Худо ҳеҷ чизи ғайриимкон нест».
38 Марям гуфт: «Ман бандаи Худованд ҳастам ва бигзор ҳар чизе, ки шумо гуфтед, ба амал ояд». Сипас, фаришта аз пеши ӯ рафт.
39 Баъд аз ин Марям бошитоб ба шаҳре, ки дар кӯҳистони Яҳудия воқеъ буд, равона шуд.
40 Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закарё даромада, бо Элисобат салом кард.
41 Саломи Марямро шунидан замон тифл дар шиками Элисобат ба ҷунбиш омад ва Элисобат аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда,
42 бо овози баланд хитоб намуд: «Ту пурфайзтарин зани дунё ҳастӣ ва хушбахт аст он кӯдаке, ки дар шикам дорӣ!
43 Ман кӣ ҳастам, ки модари Худовандам ба диданам омадааст?
44 Нигоҳ кун! Ҳамин ки саломи ту ба гӯшам расид, аз шодӣ бача дар шикамам ба ҷунбиш омад.
45 Хушбахт ҳастӣ ту, ки ба иҷро шудани гуфтаҳои Худованд бовар кардӣ».
46 Марям гуфт: «Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад
47 ва рӯҳам аз Худои Наҷотдиҳандаам шод аст,
48 чунки Худо ба ман барин бандаи хокиаш назар андохтааст. Баъд аз ин ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд,
Луқо 1 in Хушхабар