Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 1:18-30 in Tajik

Help us?

Луқо 1:18-30 in Хушхабар

18 Закарё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин мешавад? Охир ману занам пир шудаем»
19 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам.
20 Вале чун ба суханонам, ки дар вақти муайяншуда иҷро хоҳанд шуд, бовар накардӣ, ҳоло гунг мешавӣ ва то он рӯзе, ки ҳамаи гуфтаҳоям ба амал наоянд, сухане гуфта наметавонӣ».
21 Мардуме, ки интизори Закарё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ вақти зиёде дар Хонаи Худо мемонад.
22 Ҳангоме ки Закарё берун омад, ҳеҷ сухан гуфта наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар Хонаи Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб бо одамон бо имову ишора гап мезад.
23 Ҳамин ки вақти хизмати Закарё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт.
24 Баъд аз ин зани вай Элисобат ҳомиладор шуд ва аз ин рӯ, панҷ моҳ аз хона намебаромад. Ӯ гуфт:
25 «Ин кори Худованд аст, ки ҳоло ба ман назар андохта, нанги маро аз миёни мардум бардоштааст».
26 Дар моҳи шашум Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи сарзамини Ҷалил фиристод.
27 Ӯ ба назди Марям ном духтаре омад. Марям номзади Юсуф, як марде аз авлоди шоҳ Довуд буд.
28 Фаришта пеши Марям омада, гуфт: «Салом, эй назаркардаи Худо. Худо бо туст».
29 Марям аз ин суханони фаришта безобита шуда, худ ба худ фикр мекард, ки чаро ӯ ба ман чунин салом дод.
30 Фаришта бошад, ба ӯ гуфт: «Натарс, Марям, зеро Худо бар ту назар кардааст;
Луқо 1 in Хушхабар