Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 18:25-35 in Tajik

Help us?

Луқо 18:25-35 in Хушхабар

25 Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси бой ба подшоҳии Худо дохил шавад».
26 Онҳое, ки Ӯро мешуниданд, пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?»
27 Исо ҷавоб дод: «Ҳар чизе, ки барои одамон ғайриимкон бошад, барои Худо имконпазир аст».
28 Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри хонаҳои худ баромада, Шуморо пайравӣ кардем».
29 Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири подшоҳии Худо аз баҳри хона, зан, бародарон, падару модар ва фарзандонаш гузарад,
30 дар ин дунё ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар ба даст меораду дар он дунё ҳаёти абадӣ насибаш мегардад».
31 Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад.
32 Ӯро ба дасти беимонон месупоранд. Онҳо Ӯро масхара ва ҳақорат карда, туфборон
33 ва қамчинкорӣ намуда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ дар рӯзи сеюм аз нав зинда хоҳад шуд».
34 Лекин шогирдон аз ин гуфтаҳо чизеро нафаҳмиданд. Маънои суханони Исо аз онҳо пӯшида монд ва онҳо намефаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи чӣ сухан меронад.
35 Вақте ки Исо ба Ериҳӯ наздик мешуд, нобиноеро дид, ки дар канори роҳ нишаста садақа мепурсид.
Луқо 18 in Хушхабар