Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 15:16-23 in Tajik

Help us?

Луқо 15:16-23 in Хушхабар

16 Азбаски ба ӯ чизи хӯрданӣ намедоданд, вай тайёр буд, шикамашро бо еме, ки хукҳо мехӯрданд, пур кунад.
17 Оқибат вай ба худ омада гуфт: „Падарам хизматгорони бисёре дорад ва ҳамаи онҳо нони фаровон ва ҳатто зиёдатӣ доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам!
18 Рафта ба назди падарам бармегардаму ба вай мегӯям: «Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам
19 ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам. Маро ҳамчун яке аз хизматгоронатон қабул кунед»“.
20 Пас ӯ хеста ба хонаи падараш равона шуд. Вай ҳанӯз хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, ба ҳоли писараш раҳмаш омад ва давида рафту фарзандашро ба оғӯшаш кашида, бӯса кард.
21 Писар ба вай гуфт: „Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам“.
22 Аммо падар ба хизматгоронаш гуфт: „Зудтар ҷомаи беҳтаринро оварда, ба ӯ пӯшонед. Ба дасташ ангуштарин ва ба пойҳояш пойафзол пӯшонед.
23 Гӯсолаи боникардаро биёреду сар бибуред; мехӯрему хурсандӣ мекунем!
Луқо 15 in Хушхабар