Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 11:8-12 in Tajik

Help us?

Луқо 11:8-12 in Хушхабар

8 Ба шумо мегӯям, агар ӯ аз рӯи дӯстӣ хеста чизе надиҳад, азбаски беист талаб мекунед, маҷбур мешавад, ки хезаду он чизеро, ки талаб мекунед, ба шумо диҳад.
9 Бинобар ин Ман ҳам ба шумо мегӯям: талаб кунед ва ба шумо дода мешавад; биҷӯед ва пайдо мекунед; дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад.
10 Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад; ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад; ва ҳар касе, ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
11 Оё дар байни шумо чунин падаре ёфт мешавад, ки агар писараш аз ӯ моҳӣ бипурсад, ба ҷои моҳӣ ба дасташ мори заҳрдор диҳад?
12 Ё агар писараш тухм бипурсад, ба ҷояш каждум ба ӯ диҳад?
Луқо 11 in Хушхабар