Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 11:39-49 in Tajik

Help us?

Луқо 11:39-49 in Хушхабар

39 Вале Худованд ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни косаву табақи худро мешӯед, аммо дарунатон пур аз хасисию бадӣ аст.
40 Эй беақлон! Оё ҳамон як Офаранда тамоми чизеро, ки ҳам дар берун ва ҳам дар дарун аст, наофаридааст?
41 Пас он чӣ дар даруни коса доред ба камбағалон садақа диҳед ва ҳама чиз бароятон пок мегардад.
42 Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз ҳосили пудинаву кашнизу дигар намуди гиёҳҳо ҳиссаи даҳумро ба Худо месупоред, аммо таълимотро дар бораи адолат ва муҳаббати Худо беаҳамият мемонед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед.
43 Вой бар ҳолатон, эй фарисиён, шумо дӯст медоред, ки дар ибодатхонаҳо болонишин бошеду дар бозорҳо ба шумо салом диҳанд.
44 Вой бар ҳоли шумо, ки ба қабрҳои белавҳасанг монанд ҳастед ва мардум нафаҳмида онҳоро зери по мекунанду ҳаром мешаванд».
45 Он гоҳ яке аз қонуншиносон ба Исо гуфт: «Устод! Шумо бо ин суханонатон моро ҳам таҳқир мекунед».
46 Вале Исо гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки бори бениҳоят вазнинро ба гардани мардум бор мекунеду дастатонро ҳам намеҷунбонед, ки ба онҳо ёрӣ диҳед.
47 Вой бар ҳоли шумо, ки барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. Охир, ҳамон пайғамбаронро аҷдодони шумо куштаанд.
48 Бо ин амалатон шумо тасдиқ мекунед, ки бо корҳои аҷдодонатон розӣ ҳастед, чунки онҳо пайғамбаронро мекуштанд, шумо бошед, барои пайғамбарон мақбараҳо месозед.
49 Барои ҳамин Ҳикмати Худо эълон мекунад: „Ба наздашон пайғамбарону вакилонро мефиристам ва онҳо баъзеашонро мекушанду баъзеи дигарашонро дунболагирӣ мекунанд“.
Луқо 11 in Хушхабар