Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 11:30-35 in Tajik

Help us?

Луқо 11:30-35 in Хушхабар

30 Зеро, ҳамон тавре ки Юнус бар мардуми шаҳри Нинве нишонае буд, Фарзанди Инсон низ бар ин насл нишонае хоҳад шуд.
31 Дар рӯзи ҷазо маликаи сарзамини Сабо бархеста ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки каси бузургтар аз Сулаймон дар ин ҷост!
32 Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки каси бузургтар аз Юнус дар ин ҷост!
33 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба ҷои чашмнорас ва ё ба таги тағора намегузорад, баръакс, онро ба чароғпояе мегузорад, то онҳое, ки ба хона медароянд, равшаниро бубинанд.
34 Чашм чароғи бадан аст. Чун чашм солим аст, бадани одам пур аз равшанӣ мегардад, вале агар солим набошад, одамро торикӣ фаро мегирад.
35 Эҳтиёт бошед, то он нуре, ки дар шумост, боз торикӣ набошад!
Луқо 11 in Хушхабар