27 Ҳангоме ки Исо ин суханонро мегуфт, зане аз миёни мардум хитоб кард: «Хушбахт аст он зане, ки Шуморо таваллуд карда шир додааст!»
28 Исо бошад гуфт: «Вале онҳое, ки каломи Худоро мешунаванду аз рӯи он амал мекунанд, хушбахттаранд».
29 Мардуми зиёде дар гирди Исо ҷамъ меомаданд ва Ӯ сухан оғоз намуда гуфт: «Чӣ бад аст насли ҳозира, ки нишонаеро талаб мекунад, вале ғайр аз нишонаи Юнуси пайғамбар ба онҳо нишонаи дигаре дода намешавад.