Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 10:4-20 in Tajik

Help us?

Луқо 10:4-20 in Хушхабар

4 Бо худ ҳеҷ пул, борхалта ва ё пойафзоли иловагӣ нагиреду дар роҳ бо касе дурудароз саломуалейк накунед.
5 Ба ҳар хонае, ки медароед, аввал бигӯед: „Сулҳ бод бар ин хонадон!“
6 Агар дар он ҷо шахси сулҳпарваре бошад, сулҳи шумо бо ӯ мемонад вагарна, он ба сӯи шумо бармегардад.
7 Пас дар ба дар нагардеду дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи ки доранд, бихӯреду бинӯшед, зеро коргар лоиқи он аст, ки музди корашро бигирад.
8 Агар ба ягон шаҳр дароеду шуморо дар он ҷо қабул кунанд, ҳар хӯрокеро, ки пешатон гузоранд, бихӯред,
9 беморони он шаҳрро шифо диҳед ва бигӯед: „Подшоҳии Худо ба шумо наздик омадааст“.
10 Вале агар ба шаҳре дароеду шуморо қабул накунанд, дар кӯчаҳояш гашта, чунин бигӯед:
11 „Ҳатто чангу ғубори шаҳри шуморо, ки бар пои мо нишастааст, афшонда ба шумо бармегардонем, вале аниқ бидонед, ки подшоҳии Худо наздик омадааст“.
12 Ба шумо мегӯям, ки дар ҳамон рӯз аҳволи шаҳрвандони бадкирдори Садӯм аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.
13 Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
14 Бинобар ин дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Суру Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд.
15 Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум, гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед.
16 Ҳар кӣ шуморо, шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва ҳар кӣ аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва ҳар кӣ аз Ман рӯй гардонад, аз шахсе рӯй мегардонад, ки Маро фиристодааст».
17 Ҳафтод нафар шогирдон бо хушҳолӣ баргашта, ба Исо гуфтанд: «Худовандо! Бо номи Ту ҳатто девҳо ба мо итоат мекунанд».
18 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман дидам, ки шайтон барқвор аз осмон ба поён афтод;
19 Ҳоло Ман ба шумо қудратеро додам, ки морону каждумон ва тамоми қувваи душманро поймол кунед ва ба шумо ҳеҷ чиз зарар расонда наметавонад.
20 Вале на барои он шод бошед, ки рӯҳҳо ба шумо итоат мекунанд, балки барои он шодӣ кунед, ки номҳоятон дар осмон навишта шудаанд».
Луқо 10 in Хушхабар