Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 10:25-34 in Tajik

Help us?

Луқо 10:25-34 in Хушхабар

25 Ҳамин вақт яке аз қонуншиносон бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, ба Ӯ чунин савол дод: «Устод! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?»
26 Исо ҳам аз вай пурсид: «Дар шариат чӣ навишта шудааст? Шумо аз он ҷо чӣ мехонед?»
27 Вай ҷавоб дод: «Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми қуввату ақлу ҳушамон дӯст бидорем ва шахсеро, ки наздики мост, мисли худ дӯст бидорем».
28 Исо гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр бикун ва ҳаёт хоҳӣ дошт».
29 Вале ӯ худро сафед карданӣ шуда ба Исо гуфт: «Пас, шахси наздики ман кист?»
30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти роҳзанҳо афтид. Онҳо ӯро ғорат карда хуб заданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.
31 Тасодуфан аз ҳамон роҳ рӯҳоние мегузашт ва чун ӯро дид, аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт.
32 Ҳамчунин марде аз тоифаи Левӣ аз он ҷо мегузашт ва марди захмдорро дидан замон, ӯ низ аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт.
33 Вале марди сомарие, ки аз он ҷо савора мегузашт, ба вай наздик шуда, ӯро дид ва дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт.
34 Сипас назди ӯ омада, захмҳояшро бо шароб тоза карду равған молида баст. Баъд ӯро бардошта ба хараш савор карду ба меҳмонхонае овард ва дар ҳамон ҷо ӯро нигоҳубин намуд.
Луқо 10 in Хушхабар