Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 9

Юҳанно 9:5-18

Help us?
Click on verse(s) to share them!
5То Ман дар ҷаҳон ҳастам, Ман нури ҷаҳонам».
6Инро гуфта, ба замин туф карду онро бо хок омехта, гилро ба чашмони кӯр молид ва
7ба ӯ гуфт: «Рафта, дар ҳавзи Шилӯаҳ (маънои он „фиристода“ аст) рӯятро бишӯй». Ӯ рафта, рӯяшро шусту бо чашмони бино баргашт.
8Ҳамсояҳои ӯ ва касони дигаре, ки ӯро дар вақти садақа пурсиданаш дида буданд, ба ҳамдигар мегуфтанд: «Оё ин ҳамон шахс нест, ки нишаста гадоӣ мекард?»
9«Бале, ин ҳамон шахс аст», — мегуфтанд баъзеҳо. Дигарон мегуфтанд: «Не, ӯ фақат монанд аст». Он мард бошад, мегуфт, ки ман ҳамон одам ҳастам.
10«Ту чӣ тавр бино шудӣ?» — пурсиданд аз ӯ.
11Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Марде бо номи Исо гиле сохта, ба чашмони ман молиду гуфт, ки ба Шилӯаҳ рафта, рӯямро шӯям. Ман рафта, рӯямро шустаму бино шудам».
12«Ӯ дар куҷост?» — пурсиданд онҳо. «Намедонам», — ҷавоб дод ӯ.
13Мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
14Рӯзе, ки Исо гил сохта, чашмони ӯро шифо дод, рӯзи истироҳат буд.
15Фарисиён ҳам ӯро пурсиданд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Ӯ ба чашмонам гил молиду ман рӯямро шустам ва акнун мебинам».
16Баъзе аз фарисиён гуфтанд, ки одами ин корро карда аз ҷониби Худо нест, чунки қоидаҳои рӯзи истироҳатро риоя намекунад. Лекин дигарон мегуфтанд: «Магар шахси гунаҳкор метавонад чунин мӯъҷизаҳоро нишон диҳад?» Ҳамин тавр дар миёни онҳо низоъ ба вуҷуд омад.
17Онҳо боз аз кӯр пурсиданд: «Ту дар бораи Вай чӣ гуфта метавонӣ? Охир Вай чашмони туро бино кард-ку». «Ӯ пайғамбар аст», — ҷавоб дод он мард.
18Онҳо то падару модари он кӯрро даъват накарданд боварӣ надоштанд, ки ин одам пештар кӯр буду баъд бино шуд. Баъд аз даъват кардан

Read Юҳанно 9Юҳанно 9
Compare Юҳанно 9:5-18Юҳанно 9:5-18