Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 9

Юҳанно 9:29-41

Help us?
Click on verse(s) to share them!
29Мо медонем, ки Худо бо Мӯсо гап задааст, вале дар бораи ин одам бошад, ҳатто аз куҷо буданашро намедонем».
30Он мард дар ҷавоб гуфт: «Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ҳол он ки Ӯ чашмони маро бино кард.
31Мо медонем, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад, фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанду хости Ӯро иҷро мекунанд.
32Аз рӯзе, ки олам ҳаст, боре нашунидаем, ки касе кӯри модарзодро бино карда бошад!
33Агар Ӯ аз ҷониби Худо намеомад, Ӯ ҳеҷ чиз карда наметавонист!»
34Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Ту пурра дар гуноҳ таваллуд шудаӣ ва боз моро таълим медиҳӣ!» Инро гуфта, ӯро берун ронданд.
35Вақте Исо фаҳмид, ки он мардро берун ронданд, вайро ёфта пурсид: «Ту ба Фарзанди Инсон имон дорӣ?»
36Ӯ ҷавоб дод: «Хоҷа, ба ман бигӯ, ки Ӯ кист, то ба Ӯ имон оварам».
37«Ту Ӯро дидаӣ, — гуфт Исо. — Ӯ ҳамон касест, ки ҳоло бо ту гап мезанад».
38«Эй Худованд, имон дорам!» — ҷавоб дод вай ва ба Исо саҷда кард.
39Исо гуфт: «Ман ба ин ҷаҳон барои доварӣ омадам, то онҳое, ки кӯр ҳастанд, бино шаванд ва онҳое, ки мебинанд, кӯр шаванд».
40Баъзе фарисиёне, ки назди Ӯ истода буданд, ин суханонро шунида ба Ӯ гуфтанд: «Шумо моро-ку кӯр намешуморед?»
41Исо ҷавоб дод: «Агар шумо дар ҳақиқат кӯр мебудед, дар гуноҳ айбдор намешудед. Вале ҳоло худатон мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳатон дар гардани худатон мемонад».

Read Юҳанно 9Юҳанно 9
Compare Юҳанно 9:29-41Юҳанно 9:29-41