Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 9

Юҳанно 9:13-36

Help us?
Click on verse(s) to share them!
13Мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
14Рӯзе, ки Исо гил сохта, чашмони ӯро шифо дод, рӯзи истироҳат буд.
15Фарисиён ҳам ӯро пурсиданд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Ӯ ба чашмонам гил молиду ман рӯямро шустам ва акнун мебинам».
16Баъзе аз фарисиён гуфтанд, ки одами ин корро карда аз ҷониби Худо нест, чунки қоидаҳои рӯзи истироҳатро риоя намекунад. Лекин дигарон мегуфтанд: «Магар шахси гунаҳкор метавонад чунин мӯъҷизаҳоро нишон диҳад?» Ҳамин тавр дар миёни онҳо низоъ ба вуҷуд омад.
17Онҳо боз аз кӯр пурсиданд: «Ту дар бораи Вай чӣ гуфта метавонӣ? Охир Вай чашмони туро бино кард-ку». «Ӯ пайғамбар аст», — ҷавоб дод он мард.
18Онҳо то падару модари он кӯрро даъват накарданд боварӣ надоштанд, ки ин одам пештар кӯр буду баъд бино шуд. Баъд аз даъват кардан
19аз онҳо пурсиданд: «Ин писари шумост? Шумо мегӯед, ки ӯ кӯр таваллуд шуда буд. Пас, чӣ тавр ӯ ҳоло дида метавонад?»
20Падару модари вай ҷавоб доданд: «Мо медонем, ки ин писари мост ва кӯр таваллуд шудааст.
21Аммо намедонем, ки чӣ тавр ӯ акнун медидагӣ шуд ва кист он касе, ки чашмони ӯро шифо додааст. Аз худи ӯ бипурсед. Ӯ ба воя расидааст ва худаш дар бораи худ гуфта метавонад».
22Падару модари ӯ аз тарси роҳбарони яҳудӣ чунин ҷавоб доданд, зеро роҳбарони яҳудӣ чунин қарор карданд: ҳар кӣ Исоро Таъиншудаи Худо гӯяд, аз ибодатхона ҷудо карда мешавад.
23Барои ҳамин ҳам падару модари вай гуфтанд, ки «Ӯ ба воя расидааст, аз худаш пурсед».
24Инак, шахсеро, ки кӯр буд, бори дигар ҷеғ зада, ба ӯ гуфтанд: «Ба Худо росташро бигӯй! Мо медонем, ки он шахс гунаҳкор аст».
25«Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам, — ҷавоб дод ӯ. — Ҳаминашро медонам, ки ман кӯр будам ва акнун мебинам».
26Онҳо боз пурсиданд: «Ӯ бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро бино кард?»
27«Ман ба шумо гуфта будам, вале шумо гӯш накардед, — ҷавоб дод ӯ. — Чаро боз шунидан мехоҳед? Шояд шумо ҳам шогирди Ӯ шуданӣ ҳастед?»
28Онҳо ӯро ҷанг карда: «Ин ту шогирди Ӯ ҳастӣ, аммо мо шогирдони Мӯсо ҳастем.
29Мо медонем, ки Худо бо Мӯсо гап задааст, вале дар бораи ин одам бошад, ҳатто аз куҷо буданашро намедонем».
30Он мард дар ҷавоб гуфт: «Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ҳол он ки Ӯ чашмони маро бино кард.
31Мо медонем, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад, фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанду хости Ӯро иҷро мекунанд.
32Аз рӯзе, ки олам ҳаст, боре нашунидаем, ки касе кӯри модарзодро бино карда бошад!
33Агар Ӯ аз ҷониби Худо намеомад, Ӯ ҳеҷ чиз карда наметавонист!»
34Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Ту пурра дар гуноҳ таваллуд шудаӣ ва боз моро таълим медиҳӣ!» Инро гуфта, ӯро берун ронданд.
35Вақте Исо фаҳмид, ки он мардро берун ронданд, вайро ёфта пурсид: «Ту ба Фарзанди Инсон имон дорӣ?»
36Ӯ ҷавоб дод: «Хоҷа, ба ман бигӯ, ки Ӯ кист, то ба Ӯ имон оварам».

Read Юҳанно 9Юҳанно 9
Compare Юҳанно 9:13-36Юҳанно 9:13-36