Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 8

Юҳанно 8:9-32

Help us?
Click on verse(s) to share them!
9Мардум инро шуниданду аз калонсолон сар карда яке аз паси дигар ба ҳар тараф пароканда шуданд. Он гоҳ Исо бо зане, ки дар пеши Ӯ истода буд, танҳо монд.
10Ӯ сари худро бардошта, аз зан пурсид: «Эй зан, ҳамаи онҳо куҷо рафтанд? Магар касе туро айбдор накард?»
11«Ҳеҷ кас, хоҷа», — гуфт он зан. «Ман ҳам туро айбдор намекунам, — гуфт Исо. — Рав ва дигар гуноҳ накун».
12Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт бо ӯст».
13Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту аз номи худат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин шаҳодати Ту эътибор надорад».
14Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳатто агар Ман аз номи худам шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман боэътибор аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, вале шумо инро намедонед.
15Шумо аз рӯи меъёри инсонӣ ҳукм мекунед, аммо Ман ҳеҷ касро ҳукм намекунам.
16Агар Ман ҳукм кунам ҳам, ҳукми Ман ҳақ аст, чунки Ман танҳо нестам: Падаре, ки Маро фиристодааст, бо Ман аст.
17Дар шариати шумо ҳам навишта шудааст, ки шаҳодати ду гувоҳ боэътибор аст.
18Ман аз номи худам шаҳодат медиҳам ва Падаре, ки Маро фиристодааст, низ бар Ман шаҳодат медиҳад».
19Бинобар ин онҳо пурсиданд: «Падари Ту куҷост?» «Шумо на Маро ва на Падарамро мешиносед, — ҷавоб дод Исо. — Агар шумо Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».
20Ин суханонро Ӯ ҳангоми дар назди хазинаи Хонаи Худо таълим додан гуфта буд. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд.
21Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман баъд аз чанд вақт меравам. Шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале бо гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед».
22Роҳбарони яҳудӣ гуфтанд: «Ӯ „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед“ гуфта чиро дар назар дошт? Оё Ӯ худкушӣ кардан мехоҳад?»
23Исо ба онҳо гуфт: «Шумо аз олами поён ҳастед, вале Ман аз олами боло. Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале Ман аз ин ҷаҳон нестам.
24Ман ба шумо гуфтам, ки „бо гуноҳҳоятон хоҳед мурд“. Зеро, агар бовар накунед, ки он чӣ дар бораам гуфтам, Ман ҳастам, шумо ҳатман бо гуноҳҳоятон мемиред!»
25«Ту кистӣ?» — пурсиданд онҳо аз Исо. Ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамонам, ки аз аввал ба шумо гуфта будам.
26Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам».
27Онҳо нафаҳмиданд, ки Вай ба онҳо дар бораи Падар мегуфт.
28Инак, Исо давом дода гуфт: «Вақте ки Фарзанди Инсонро дар салиб боло мебардоред, мефаҳмед, ки Ман ҳамонам ва аз худ ҳеҷ коре намекунам, фақат он чизҳоеро мегӯям, ки Падар ба Ман таълим додааст.
29Фиристандаи Ман бо Ман аст, Ӯ Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша кори табъи дили Ӯро мекунам».
30Бисёр касон аз рӯи ин суханон ба Ӯ имон оварданд.
31Пас, Исо ба онҳое, ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо гуфтаҳои Маро риоя кунед, шогирдони ҳақиқии Ман мешавед
32ва ростиро мефаҳмед ва ин ростӣ шуморо озод мекунад».

Read Юҳанно 8Юҳанно 8
Compare Юҳанно 8:9-32Юҳанно 8:9-32