Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 8

Юҳанно 8:3-9

Help us?
Click on verse(s) to share them!
3Дар ин вақт шариатдонону фарисиён ба назди Ӯ занеро оварданд, ки ҳангоми алоқаи беникоҳ доштанаш дастгир шуда буд. Ӯро дар пеши ҳама гузошта,
4ба Исо гуфтанд: «Эй устод, ин зан ҳангоми алоқаи беникоҳ доштанаш дастгир шудааст.
5Мӯсо дар шариат фармудааст, ки чунин занон бояд сангсор карда шаванд. Шумо чӣ мегӯед?»
6Онҳо ин суханонро барои ба дом афтондани Исо гуфтанд, то ки баъд Ӯро айбдор намоянд. Аммо Исо сарашро хам карда бо ангушташ дар рӯи замин чизе менавишт.
7Онҳо савол доданро бас намекарданд, ки Исо бархеста, ба онҳо гуфт: «Касе ки дар байни шумо бегуноҳ бошад, бигзор аввалин шуда, ӯро бо санг занад!»
8Исо боз сарашро хам карда дар рӯи замин менавишт.
9Мардум инро шуниданду аз калонсолон сар карда яке аз паси дигар ба ҳар тараф пароканда шуданд. Он гоҳ Исо бо зане, ки дар пеши Ӯ истода буд, танҳо монд.

Read Юҳанно 8Юҳанно 8
Compare Юҳанно 8:3-9Юҳанно 8:3-9