Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 8

Юҳанно 8:28-36

Help us?
Click on verse(s) to share them!
28Инак, Исо давом дода гуфт: «Вақте ки Фарзанди Инсонро дар салиб боло мебардоред, мефаҳмед, ки Ман ҳамонам ва аз худ ҳеҷ коре намекунам, фақат он чизҳоеро мегӯям, ки Падар ба Ман таълим додааст.
29Фиристандаи Ман бо Ман аст, Ӯ Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша кори табъи дили Ӯро мекунам».
30Бисёр касон аз рӯи ин суханон ба Ӯ имон оварданд.
31Пас, Исо ба онҳое, ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо гуфтаҳои Маро риоя кунед, шогирдони ҳақиқии Ман мешавед
32ва ростиро мефаҳмед ва ин ростӣ шуморо озод мекунад».
33Онҳо гуфтанд: «Мо аз авлоди Иброҳим ҳастем ва ҳаргиз ғуломи касе набудем! Пас, „озод хоҳед шуд“ гуфта, чиро дар назар дорӣ?»
34Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ҳар касе ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст.
35Ғулом дар як хонадон то охир зиндагӣ намекунад, аммо писар ҳамеша дар хонадон мемонад.
36Агар Писар ба шумо озодӣ бахшад, он вақт ҳақиқатан озод хоҳед шуд.

Read Юҳанно 8Юҳанно 8
Compare Юҳанно 8:28-36Юҳанно 8:28-36