Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 6

Юҳанно 6:5-71

Help us?
Click on verse(s) to share them!
5Исо ба атроф нигоҳ карду мардуми зиёди ба тарафаш омадаистодаро дида, ба Филиппус гуфт: «Барои сер кардани инҳо аз куҷо бояд нон харем?»
6Ӯ хуб медонист, ки чӣ кор мекунад, аммо Филиппусро санҷиданӣ шуда ин суханонро гуфт.
7Филиппус дар ҷавоб гуфт: «Ба дусад динор нон харем ҳам, ба ҳар кас ақаллан яклуқмагӣ намерасад».
8Яке аз шогирдонаш, Андриёс, ки бародари Шимъӯни Петрус буд, ба Исо гуфт:
9«Дар ин ҷо писарбачае ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад. Вале ба ин қадар мардуми зиёд вай чӣ мешавад?»
10«Ба мардум гӯед, ки бишинанд», — гуфт Исо. Дар он ҷо сабзазор буд. Шумораи ҳамаи нишастагон қариб панҷ ҳазор мард буд.
11Исо нонро гирифта дуои шукрона хонду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод.
12Вақте мардум сер шуданд, Исо ба шогирдони худ гуфт: «Нонпораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад».
13Шогирдон нонпораҳои панҷ нони ҷавро, ки аз хӯрандаҳо боқӣ монда буд, ҷамъ намуда, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14Мардум мӯъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!»
15Исо фаҳмид, ки онҳо нияти омада, Ӯро дастгир ва ба зӯрӣ подшоҳ кардан доранд, аз ин рӯ, танҳо ба кӯҳ баромад.
16Вақти шаб шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд
17ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик шуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд.
18Аз сабаби вазидани шамоли сахт баҳр ба талотум омад.
19Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда рафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯи об қадамзанон ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд.
20«Натарсед, ин Манам!» — гуфт ба онҳо Исо.
21Онҳо мехостанд, ки Ӯро ба қаиқ гиранд, вале қаиқ ҳамон замон ба соҳиле, ки онҳо равона буданд, омада расид.
22Рӯзи дигар мардуме, ки дар соҳили дигари баҳр монда буданд, фаҳмиданд, ки шогирдони Исо ба ягона қаиқе, ки дар он ҷо буд, савор шуда рафтаанд. Онҳо боз дида буданд, ки Исо ҳангоми ба қаиқ савор шудани шогирдонаш ба онҳо ҳамроҳ нашуд ва онҳо бе Ӯ рафта буданд.
23Он вақт одамон аз Табария дар якчанд қаиқ ба наздикии маҳале омаданд, ки дар он ҷо пас аз дуои шукронаи Худованд нон хӯрда буданд.
24Вақте мардум диданд, ки дар он ҷо на Исо ҳасту на шогирдонаш, ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Ӯ ба Кафарнаҳум рафтанд.
25Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Шумо кай ба ин ҷо омадед?»
26Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки шумо Маро на аз барои он ки мӯъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки аз барои он ки то сер шудан нон хӯрдед!
27На барои хӯроки нестшаванда, балки барои хӯроке, ки то ҳаёти абадӣ мемонад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Фарзанди Инсон ба шумо медиҳад, чунки Худо-Падар ба иҷрои ин кор ба Ӯ розигиашро додааст».
28Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷро кардани талаби Худо мо чӣ бояд кунем?»
29Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Талаби Худо ин аст, ки ба каси фиристодааш имон оваред».
30Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ мӯъҷизае нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор мекунӣ?
31Аҷдодони мо дар биёбон нони манна хӯрданд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Ӯ барои хӯрдан ба онҳо аз осмон нон дод».
32Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мӯсо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад.
33Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон поён меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
34«Хоҷаам, — гуфтанд онҳо, — ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!»
35Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.
36Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед.
37Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд.
38Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам.
39Иродаи фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам.
40Зеро иродаи Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
41Он гоҳ дар байни мардум барои он ғавғо бархост, ки Ӯ «Ман нонам, ки аз осмон фаромадаам» гуфт.
42Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам“ гуфта метавонад?»
43«Байни худ ғур-ғур накунед!» — дар ҷавоб гуфт ба онҳо Исо.
44«То Падар, ки Маро фиристодааст, касеро ба Ман ҷалб накунонад, ҳеҷ кас назди Ман омада наметавонад ва ҷалбшударо дар рӯзи қиёмат Ман зинда хоҳам кард.
45Дар китоби пайғамбарон навишта шудааст: „Ҳамаи онҳо аз Худо таълим хоҳанд гирифт“. Ҳар касе ки Падарро шунида ва аз Ӯ таълим гирифта бошад, ба назди Ман меояд.
46Ин маънои онро надорад, ки касе Падарро дидааст. Фақат касе, ки аз пеши Худо омадааст, Падарро дидааст.
47Ба шумо рост мегӯям, он ки имон дорад, ҳаёти абадӣ ёфтааст.
48Ман нони ҳаёт ҳастам.
49Аҷдодони шумо дар биёбон хӯроки маннаро хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд.
50Аммо ноне, ки аз осмон мефурояд, дигар хел аст: касе ки онро бихӯрад, намемирад.
51Ман он нони ҳаётам, ки аз осмон фаромадааст. Ҳар кас ин нонро бихӯрад, ҳаёти абадӣ пайдо мекунад. Ноне, ки Ман медиҳам, бадани Ман аст, ки онро ба хотири зинда мондани ҷаҳон фидо мекунам».
52Пас аз ин дар байни мардум баҳси пуршиддат авҷ гирифт: «Ин шахс чӣ тавр бадани худро барои хӯрдани мо дода метавонад?!»
53Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки агар бадани Фарзанди Инсонро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, ҳаёт пайдо намекунед.
54Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, ҳаёти абадӣ меёбад ва Ман дар рӯзи қиёмат ӯро зинда хоҳам кард.
55Зеро бадани Ман хӯроки ҳақиқӣ ва хуни Ман нӯшокии ҳақиқист.
56Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, вай дар Ман зиндагӣ мекунад ва Ман дар ӯ.
57Чунон ки Маро Падар фиристод, ки Ӯ худ сарчашмаи ҳаёт аст ва Ман ба воситаи Ӯ зиндаам, ҳамчунин, касе ки Маро бихӯрад, ба воситаи Ман зиндагӣ мекунад.
58Ин аст ноне, ки аз осмон поён фаромад. Вай монанди он ноне нест, ки аҷдодони шумо хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. Аммо ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд».
59Ин суханонро Исо ҳангоми дар ибодатхонаи Кафарнаҳум таълим доданаш гуфт.
60Бисёре аз шогирдон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин таълимоти вазнин аст! Кӣ онро қабул карда метавонад?»
61Исо медонист, ки шогирдонаш аз суханонаш ғур-ғур карда истодаанд ва ба онҳо гуфт: «Магар ин шуморо аз роҳ мезанад?
62Пас, агар шумо ба ҷои аввалаи худ боло баромадани Фарзанди Инсонро медидед, чӣ кор мекардед?
63Ҳаётро Рӯҳ мебахшад ва ҷисм ин корро карда наметавонад. Он суханоне, ки Ман ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаётанд.
64Аммо дар байни шумо шахсоне ҳам ҳастанд, ки имон намеоваранд». (Исо аз аввал медонист, ки ба Ӯ кӣ имон наовардааст ва кӣ дар ҳаққи Ӯ хиёнат мекунад).
65Ӯ давом дода гуфт: «Аз ин рӯ ба шумо гуфтам, ки фақат он кас назди Ман омада метавонад, ки Падар ба ӯ ихтиёри омаданро дода бошад».
66Баъд аз ин бисёри шогирдонаш аз Ӯ рӯй гардонданду дигар ҳамроҳи Ӯ нарафтанд.
67Пас, Исо аз он дувоздаҳ шогирдаш пурсид: «Шояд шумо ҳам рафтанӣ ҳастед?»
68«Эй Худованд, — ҷавоб дод ба Ӯ Шимъӯни Петрус, — мо ба назди кӣ меравем? Суханони ҳаёти абадӣ аз они туанд.
69Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Ту Шахси Муқаддаси Худо ҳастӣ».
70Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар Ман худам дувоздаҳ шогирдро интихоб накардаам? Вале як нафар аз байни шумо шайтон аст!»
71Ӯ инро дар бораи Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш мегуфт, ки дар оянда ба Исо хиёнат кард.

Read Юҳанно 6Юҳанно 6
Compare Юҳанно 6:5-71Юҳанно 6:5-71