Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 2

Юҳанно 2:9-16

Help us?
Click on verse(s) to share them!
9Роҳбари тӯй аз куҷо будани шаробро намедонист, фақат хизматгороне, ки аз кӯза об гирифтанд, аз ин огоҳ буданд. Роҳбари тӯй оби ба шароб табдилшударо чашида, домодро ба назди худ даъват карду
10ба ӯ гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хушсифатро оварда мегузораду баъд, вақте ки меҳмонон бисёр нӯшиданд, шароби пастсифатро меорад, аммо ту шароби хушсифатро то ҳол нигоҳ доштаӣ».
11Ҳамин тавр Исо дар Қанои Ҷалил нишонаи аввалини шӯҳрату ҷалоли худро зоҳир кард ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.
12Баъд аз он Исо ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Модари Исо, бародарон ва шогирдонаш ҳам ҳамроҳи Ӯ буданд. Онҳо дар он ҷо якчанд рӯз монданд.
13Рӯзи иди Балогардони яҳудиён наздик омад ва Исо ба Ерусалим рафт.
14Ӯ дар Хонаи Худо шахсонеро дид, ки бо фурӯши барзагов, гӯсфанд ва кабӯтар машғул буданд. Пуливазкунандагон низ дар сари мизҳои худ нишаста буданд.
15Исо аз таноб қамчин сохта, ҳамаи онҳоро бо барзагову гӯсфандонашон аз Хонаи Худо берун ронду мизҳои пуливазкунандагонро чаппа ва пулҳояшонро пароканда кард.
16Ба кабӯтарфурӯшон бошад, гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо бардошта дур кунед! Хонаи Падари Маро ба тиҷоратхона табдил надиҳед!»

Read Юҳанно 2Юҳанно 2
Compare Юҳанно 2:9-16Юҳанно 2:9-16