Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 19

Юҳанно 19:1-41

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Он вақт Пилотус фармуд, ки Исоро бо қамчин зананд.
2Сарбозон аз хор тоҷе бофта, бар сари Ӯ гузоштанд ва ба Ӯ ҷомаи бунафшранг пӯшонданд.
3Онҳо ба пеши Ӯ омада, «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» мегуфтанду Ӯро торсакӣ мезаданд.
4Пилотус боз берун баромада, ба онҳо гуфт: «Акнун ман ин одамро пеши шумо меорам. Бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам».
5Исо берун баромад ва дар сар тоҷи хордору дар тан ҷомаи бунафшранг дошт. Пилотус ба онҳо гуфт: «Ана ин одам!»
6Сардорони рӯҳонӣ ва посбонон Ӯро дида, фарёд карданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Ӯро мехкӯб кунед!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо худатон Ӯро гирифта, мехкӯб кунед! Зеро ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам».
7Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Мо дар шариат қонун дорем, ки мувофиқи он Ӯ бояд бимирад, чунки худро Писари Худо эълон кардааст».
8Вақте Пилотус инро шунид, аз пештара зиёдтар тарсид.
9Ӯ боз ба дохили қаср баргашта, аз Исо пурсид: «Ту аз куҷоӣ?» Вале Исо ҷавобе надод.
10«Бо ман гап задан намехоҳӣ? — пурсид Пилотус. — Магар намедонӣ, ман қудрат дорам, ки Туро озод кунам ва қудрат дорам, ки Туро ба салиб мехкӯб кунонам?»
11Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Агар ба ту аз боло қудрат дода намешуд, ту бар Ман ҳеҷ қудрат дошта наметавонистӣ. Бинобар ин касе, ки Маро ба ту таслим кардааст, гуноҳи бузургтаре дорад».
12Аз ин лаҳза Пилотус кӯшиш кард, ки Ӯро озод кунад, вале мардум фарёд мекарданд: «Агар Ӯро озод кунӣ, ту дӯсти император нестӣ! Касе, ки худро подшоҳ эълон мекунад, вай душмани император аст!»
13Вақте ки Пилотус ин суханонро шунид, Исоро берун овард ва дар маҳале ба номи Сангфарш, ки ба забони ибронӣ онро «Ҷабто» мегуфтанд, ба курсии доварӣ нишаст.
14Арафаи иди Балогардон, қариби нисфирӯзӣ шуда буд. Пилотус ба мардум гуфт: «Ана Шоҳи шумо!»
15Онҳо фарёд зада гуфтанд: «Нест кун! Нест кун! Ӯро мехкӯб кун!» «Шумо мехоҳед, ки ман Шоҳи шуморо мехкӯб кунам?» — гуфт Пилотус. Сардорони рӯҳонӣ ҷавоб доданд: «Мо ғайр аз император подшоҳи дигаре надорем!»
16Он гоҳ Пилотус Исоро барои мехкӯб кардан ба дасти онҳо супорид.
17Онҳо Исоро бурданд ва Ӯ то «Ҷои косахонаи сар», ки ба забони ибронӣ «Ҷолҷото» ном дошт, салиби худро бардошта, рафт.
18Дар он ҷо Ӯро ба салиб мехкӯб карданд ва ҳамроҳи Ӯ боз ду нафари дигарро дар салибҳо, яке аз тарафи чап ва дигаре аз тарафи рост, мехкӯб карданд ва Исо дар мобайни онҳо буд.
19Пилотус лавҳачаеро нависонда, ба салиб мехкӯб кунонд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Шоҳи Яҳудиён».
20Одамони зиёд ин навиштаро хонданд, чунки ҷое, ки Исо мехкӯб шуд, аз шаҳр дур набуд ва он суханон ба забонҳои ибронӣ, румӣ ва юнонӣ навишта шуда буданд.
21Сардорони рӯҳонии яҳудиён ба Пилотус гуфтанд: «„Шоҳи Яҳудиён“ нанавис, балки бинавис, ки „Ин одам «Ман Шоҳи Яҳудиён ҳастам» мегуфт“».
22«Ҳар чӣ навиштаам, навиштам», — ҷавоб дод Пилотус.
23Баъд аз он ки сарбозон Исоро мехкӯб карданд, либоси Ӯро гирифта, аз рӯи шумораи сарбозон ба чор қисм тақсим карданд. Куртаи Ӯро ҳам гирифтанд; ин курта аз матои яклухт бофта шуда буд ва ҷои пайваст надошт.
24Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед, инро пора намекунему қуръа партофта мебинем, ки соҳиби он кӣ мешавад». Дар навиштаҷот омадааст: «Либоси Маро дар байни худ тақсим карданд ва бар куртаи Ман қуръа партофтанд». Барои иҷро шудани ин навиштаҷот ҳамаи ин ба амал омад.
25Чунин буд амали сарбозон. Дар назди салиби Исо модар ва холааш, Марями зани Келуп ва Марями Маҷдалия истода буданд.
26Исо модари худ ва дар канори Ӯ шогирди дӯстдоштаашро дида, ба модараш гуфт: «Модар, ана ин писари туст».
27Баъд ба он шогирд гуфт: «Ана, ин модари туст». Аз ҳамон вақт он шогирд модари Исоро ба хонаи худ бурд.
28Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд ва барои ба амал омадани пешгӯйии навиштаҷот гуфт: «Ташна мондам!»
29Дар он ҷо як косаи пур аз сирко буд ва латтаеро гирифта, ба он сирко тар карданду ба нӯги чӯбе гузошта, ба лабони Ӯ наздик оварданд.
30Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод.
31Он рӯзи тайёрӣ ба рӯзи истироҳат буд ва сардорони яҳудӣ намехостанд, ки ҷасади мехкӯбшудагон дар рӯзи истироҳат дар салиб бимонад, чунки он рӯзи истироҳат ба рӯзи иди бузург рост омада буд. Бинобар ин онҳо аз Пилотус дархост карданд, ки пойҳои мехкӯбшудагонро шикананду ҷасади онҳоро аз салиб ба поён фароранд.
32Сарбозон омада, аввал пойҳои мехкӯбшудаи якум ва баъд мехкӯбшудаи дуюмро шикастанд.
33Вале вақте ки ба Исо наздик омаданд, диданд, ки Ӯ мурдааст, бинобар ин пойҳои Ӯро нашикастанд.
34Яке аз сарбозон бо найза ба паҳлӯи Ӯ зад ва ҳамон дам аз бадани Ӯ хун ва об ҷорӣ шуд.
35(Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд).
36Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд» иҷро шаванд.
37Боз дар дигар ҷои навиштаҷот гуфта шудааст, ки «Онҳо ба касе нигоҳ хоҳанд кард, ки Ӯро найза заданд».
38Баъд аз он Юсуфи аромотӣ, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт.
39Ниқодимус, ки пештар шабона ба дидани Исо омада буд, низ омад ва қариб сию чор кило ширеши хушбӯй бо гиёҳи дорувор омехтаро бо худ овард.
40Онҳо аз рӯи расми яҳудиён ҷасади Исоро гирифта, ба кафани бо ҳамон дорувории хушбӯй омехта печонданд.
41Дар ҷои мехкӯбшудаи Исо боғе ва дар он боғ қабри наве буд, ки ҳанӯз касе дар он дафн нашуда буд.

Read Юҳанно 19Юҳанно 19
Compare Юҳанно 19:1-41Юҳанно 19:1-41