Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 16

Юҳанно 16:6-26

Help us?
Click on verse(s) to share them!
6чунки суханони Ман дилҳои шуморо пур аз ғам карданд.
7Аммо Ман ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои фоидаи шумост. Зеро, агар Ман наравам, Мададгор пеши шумо намеояд ва агар биравам, Ӯро ба назди шумо мефиристам.
8Вақте ки Ӯ меояд, фикрронии нодурусти ин ҷаҳонро дар бораи гуноҳ, ростӣ ва ҳукмкунӣ фош мекунад:
9гуноҳ дар ин аст, ки онҳо ба Ман имон намеоваранд;
10ростӣ дар ин аст, ки Ман ба пеши Падарам меравам ва шумо дигар Маро намебинед;
11ҳукмкунӣ дар ин аст, ки ҳукмрони ин ҷаҳон аллакай айбдор шудааст.
12Ман боз бисёр чизи ба шумо гуфтанӣ дорам, аммо алҳол шумо онҳоро ғунҷонда наметавонед.
13Вақте ки Рӯҳи ростӣ меояд, Ӯ шуморо сӯи тамоми ростӣ роҳнамоӣ мекунад, зеро Ӯ аз худ чизе намегӯяд, балки он чиро, ки мешунавад, ба шумо мегӯяд. Ӯ ба шумо дар бораи ҳодисаҳои оянда хабар медиҳад.
14Ӯ Маро шӯҳрату ҷалол медиҳад, зеро Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад.
15Ҳар чӣ Падар дорад, аз они Ман аст. Аз ин сабаб Ман гуфтам, ки Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад».
16«Баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид».
17Он гоҳ баъзе аз шогирдон ба ҳамдигар гуфтанд: «Ӯ „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид“ ва „чунки Ман ба пеши Падар меравам“ гуфта чиро дар назар дорад?
18Ӯ „андаке“ гуфта чиро дар назар дорад? Мо намефаҳмем, Ӯ дар бораи чӣ гуфта истодааст».
19Исо фаҳмид, ки онҳо ба Ӯ савол доданӣ ҳастанд, бинобар ин гуфт: «Шумо аз якдигар мепурсед, ки „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид“ гуфта чиро дар назар доштам?
20Ба шумо рост мегӯям, ки шумо гиря карда, андӯҳгин мешавед, вале ҷаҳон шодӣ мекунад. Шумо ғамгин мешавед, аммо ғами шумо ба шодӣ мубаддал мегардад.
21Ҳангоми таваллуди кӯдак зан ғамгин мешавад, чун соати азоби вай расидааст, вале вақте ки кӯдакро мезояд, азобу шиканҷаро фаромӯш карда, шодӣ мекунад, ки инсоне ба дунё омадааст.
22Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо аз шодӣ пур мешаванд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад.
23Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо рост мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод.
24То кунун шумо аз номи Ман чизеро талаб накардаед. Талаб кунед ва ба даст меоваред ва хурсандии шумо пурра мешавад».
25«Ман дар ин бора ба шумо бо рамзҳо гуфтам, лекин замоне фаро мерасад, ки ба шумо на бо рамзҳо, балки кушоду равшан дар бораи Падар нақл мекунам.
26Дар он рӯз бо номи Ман аз Ӯ талаб мекунед. Ман намегӯям, ки барои шумо аз Падар талаб мекунам,

Read Юҳанно 16Юҳанно 16
Compare Юҳанно 16:6-26Юҳанно 16:6-26